Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври дувуми интихоботи президентӣ дар Лаҳистон


Овоздиҳӣ дар даври дувуми интихоботи президентӣ дар Лаҳистон. 12-уми июли 2020
Овоздиҳӣ дар даври дувуми интихоботи президентӣ дар Лаҳистон. 12-уми июли 2020

Рӯзи якшанбе ройдиҳии даври дувуми интихоботи президентӣ дар Лаҳистон ё Полша ҷараён гирифт. Дар ин интихобот, ки сарнавишти равобити Лаҳистонро бо Иттиҳодияи Аврупо барои чанд соли оянда мушаххас хоҳад кард, раиси ҷумҳури кунунӣ Анджей Дуда бо Рафал Тшасковский рақобат дорад. Дар ҳоле ки ҳизби Қонун ва Адолат аз раиси ҷумҳур Дуда пуштибонӣ мекунад, Рафал Тшасковский, узви пешини порлумони Аврупо, номзади созмони мухолифини “Эътилофи шаҳрвандӣ” аст. Анджей Дуда дар даври аввали интихобот, ки ду ҳафта қабл баргузор шуд, 43.5 дарсад ва Рафал Тшасковский 30.5 дарсади раъйи интихобкунандаҳоро соҳиб шуда буданд. Интихоби дубораи Дуда барои ҳизби Қонун ва Адолат, ки барномаи ҷанҷолии ислоҳоти додгоҳиро рӯйи даст дорад, бисёр муҳим аст. Иттиҳодияи Аврупо аз ин ислоҳот интиқод карда, гуфтааст, ин барнома додгоҳҳои Лаҳистонро сиёсӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG