Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги дипломати турк дар Туркманистон бар асари пневмония


Мақомот дар Туркманистон, ки як кишвари баставу ноозод ба шумор меравад, мегӯянд, ҳеҷ як ҳодисаи олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудаат
Мақомот дар Туркманистон, ки як кишвари баставу ноозод ба шумор меравад, мегӯянд, ҳеҷ як ҳодисаи олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудаат

Як мақом дар сафорати Туркия дар пойтахти Туркманистон, шаҳри Ашқобод аз пневмония даргузашт. Туркманистон танҳо кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки то ҳол расман ҳеҷ як ҳодисаи олудагӣ ба коронавирусро ба қайд нагирифтааст.
Вебсайтҳои Turkmen.news ва TRT Avaz media бо такя ба мақомоти номаълум дар сафорати Туркия хабар доданд, ки мушовири масоили динӣ Кемал Учкун шаби 7 ба 8 июл дар як беморхонаи Ашқобод даргузашт. Бар асоси гузоршҳо, Учкун аз январи оли 2018 дар сафорат кор мекард ва рӯзи 27 июн бо дарди шадиди шуш ва сулфаи сангин дар беморхона бистарӣ шуд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар бахши туркманӣ мегӯянд, ки беморхонаҳои Туркманистон пур аз бемор ҳастанд ва аксари онҳо нишонаҳои пневмония доранд. Дар миёни беморон ва инчунин ходимони тиб ҳам ҳодисаҳои марг бар асари пневмония вуҷуд дорад. Дар бархе нуқоти кишвар минтақаҳои ба ном карантин ҷорӣ ва бархе муассисаҳои саноатӣ баста шудаанд.

Бо ин вуҷуд то ҳол мақомоти Туркманистон мегӯянд, ки дар ин кишвар ҳеҷ як ҳодисаи коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Оғози ҳафтаи ҷорӣ ҳайати деринтизори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавонист вориди кишвар шавад, то бо вазъи кишвар ошно шуда дар ҳамкорӣ бо мақомоти Туркманистон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳамкорӣ барпо кунад.

XS
SM
MD
LG