Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон барои гирифторони коронавирус дар беморхонаҳо ҷой намондааст


Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, беморхонаҳои ин кишвар аз гирифторони коронавирус пур шудааст. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ мақомоти он кишвар гуфта буданд, ки 16 ҳазор катро барои гирифторони вируси корона таҳия кардаанд ва ҳамзамон ваъда дода буданд, ки як беморхонаи дорои 10 ҳазор кат барои ин беморон месозанд.

Дар Узбекистон чанд гоҳи охир ҳамарӯза 300-350 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт мешавад. Ҳабибуллоҳ Оқилов, намояндаи ситоди муқобила бо COVID-19-и Узбекистон гуфт, дар сурати рӯзона то 1000 ҳолати гирифторӣ сабт шудан, низоми тандурустии кишвар "комилан фурӯ мерезад".

Ба гуфтаи Оқилов, сарфи назар аз он ки дастур шуд, қисме аз беморон дар хона табобат гиранд, дар беморхонаҳо дигар ҷойе барои мубталоёни коронавирус боқӣ намондааст.

Оқилов дар як нишасти хабарӣ гуфт, ба далели афзоиши шумори ташхисҳо озмоишгоҳҳо дар ташхиси тест ё санҷишҳо таъхир мекунанд.

Бино бар ин, мақомоти Узбекистон тасмим гирифтаанд, ки карантини сахтро дубора ҷорӣ кунанд. Дар Узбекистон аз 10 июл то 1-уми август тадбирҳои сахти карантин барқарор мешаванд.

Ба иттилои расмӣ, дар Узбекистон бештар аз 11 ҳазор гирифторӣ ба вируси корона ва 45 ҳолати марг аз он сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG