Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳлилгари саршиноси ироқӣ баъди таҳдидҳои ҷангҷӯёни Эронгаро кушта шуд


Ҳишам ал-Ҳошимӣ 47 сол дошт ва яке аз таҳлилгарони боэътибори мавзӯи гурӯҳҳои ҷангҷӯи мисли "Давлати исломӣ", Ал-Қоида ва ҳам гурӯҳҳои ҷангии мавриди ҳимояти Эрон дар Ироқ буд

Як сиёсатшиноси маъруфи ироқӣ баъди он ки аз ҷангҷӯёни мавриди ҳимояти Эрон чандин бор таҳдид шудааст, рӯзи 6 июл дар беруни хонааш дар шаҳри Бағдод кушта шуд. Афроди мусаллаҳи мотосиклсавор ба сӯи Ҳишам ал-Ҳошимии 47-сола тир холӣ карда, аз маҳалли ҳодиса фирор намуданд. Ҳошимӣ чанде баъд дар беморхона ҷон дод. Вай яке аз донишмандони бисёр мӯътабар дар масоили гурӯҳи “Давлати Исломӣ”, Ал-Қоида ва гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар Ироқ буд. Ӯ як чеҳраи фаъоли телевизионӣ ҳам буд ва назару таҳқиқоти ӯро давлат, журналистон ва муҳаққиқон фаровон истифода мекарданд. Дар ин охирҳо ӯ бештар дар бораи ҷангҷӯёни мавриди ҳимояти Эрон ва фасод дар миёни элитаи сиёсии Ироқ назарҳо медод. То ҳол ҳеҷ гурӯҳ ё созмоне масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, вале ба гуфтаи оилаву дӯстонаш вақтҳои охир ба ӯ ҷангҷӯёни мавриди ҳимояти Эрон зиёд таҳдид мекарданд. Нахуствазири Ироқ Мустафо Козимӣ дар изҳороте гуфт, ки нирӯҳои амниятӣ “тамоми талошашонро ба харҷ медиҳанд”, ки қотилони таҳлилгари сиёсӣ пайдо шаванд. Козимӣ дар моҳи май, замони сари кор омаданаш ваъда дод, ки алайҳи ҷангҷӯёни рӯ ба Эрон, ки дар ҳамлаҳои мушакӣ ба низомиёни амрикоиву муассисаҳои дипломатӣ даст доранд, мубориза мебарад.

XS
SM
MD
LG