Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Светлана Прокопева ва ҷомеаи журналистӣ дар интизори ҳукми додгоҳ


Светлана Прокопева дар баробари таҳдиди то ҳафт соли ҳукми ҳабс қарор дорад
Светлана Прокопева дар баробари таҳдиди то ҳафт соли ҳукми ҳабс қарор дорад

Додгоҳе дар Русия рӯзи 6 июл ҳукми журналисти муттаҳам дар “сафед кардани терроризм”-ро содир мекунад. Ин мурофиа мавриди маҳкумияти ҷомеаи журналистӣ шуд, ки аз мақомот талаб доранд Светлана Прокопеваро озод кунанд. Прокопева барои шарҳаш дар заминаи сабабҳои як худкушӣ дар назди идораи ФСБ-и Архангелск соли гузашта дар рӯбарӯи хатари маҳкумият ба “сафед кардани терроризм” ва то ҳафт соли ҳабс қарор дорад. Додситонҳо инчунин тақозо кардаанд, ки Прокопева давоми чор сол аз ҳақи кор ба ҳайси журналист маҳрум шавад. Прокопева ҳамчунин бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекард. Ӯ дар додгоҳ гуфт, ки худро бегуноҳ мешуморад ва қазияашро ҳамчун талоши “куштори озодии баён” қаламдор кард. Рӯзи 3 июл дар сухани охиринаш дар додгоҳ Прокопева гуфт: “Ман аз танқид кардани ҳукумат наметарсам”. Ӯ афзуд: “Ман аз интиқод кардани сохторҳои қудратӣ ваё ба онҳо гуфтан, ки шумо хато мекунед, наметарсам. Чаро ки медонам, агар нагӯям, агар дигарҳо нагӯянд, хеле бад мешавад”. Ӯ аз додрас хост, ки вақти ҳал кардани сарнавишти ӯ “принсипҳои бунёдии ҷомеа” фаромӯш намешавад. “Манзури ман озоди баён, мавқеи журналист ва рисолати мабуот аст”, гуфт ӯ. Прокопева гуфт, “Ман кори худро иҷро кардам. Ман кореро, ки берун аз чаҳорчӯби вазифаҳои касбиам бошад, накардаам. Ин ҷиноят нест”.

Прокопева дар робита бо як шарҳаш, ки моҳи ноябри соли 2018 дар радиои “Эхо Москвы в Пскове” ва баъдан дар блогаш нашр карда буд, муҳокима мешавад. Матбуоти русӣ гузориш дод, ки марди дар назди идораи ФСБ-и Архангелск таркида дар шабакаҳои иҷтимоӣ ФСБ-ро барои қонуншиканиҳо муттаҳам мекард. Дар шарҳаш Прокопева ин мавқеи ноболиғи худкушикардаро ба фазои сиёсии давраи президент Владимир Путин рабт дод. Ӯ тахмин кард, ки фаъолиятҳои сиёсӣ дар кишвар маҳдуд шуда мардумро ноумед мекунад.


Дейзи Синделар, иҷрокунандаи вазифаи президенти РАО/РО рӯзи 3 июл дар як изҳороташ гуфт, “мо аз он нигаронем, ки мақомоти русӣ омода ҳастанд бо як хабарнигори маъруф, ки зимнан дар баръакси он чи ки гунаҳгораш мекунанд, кардааст, бераҳмӣ нишон диҳанд. Назари Светлана талоши дарки сабабҳои фоҷеа буд. Назари ӯро ба унвони “сафед кардани терроризм” мурраифӣ кардан – ин нақзи донистаи ҳақиқат ва як амали дорои ангезаҳои сиёсӣ аст, ки ҳадафаш пахши садои интиқод мебошад”.

Ба ҳимояти Прокопева ва талаби озод кардани ӯ беш аз 30 журналист садо баланд карда изҳорот нашр намуданд.

Дар изҳороти рӯзи 3 июл сухангӯи Иттиҳоди Аврупо Петер Стано тақозо кард, ки парвандаи Прокопева бекор шавад ва ин қазияро ҳамчун баёнгари “фазои торафт маҳдудшавандаи кор барои журналистони мустақил ва ҷомеаи мадании Русия” интиқод кард.

Human Rights Watch гуфт, ки таъқиби Прокопева нақзи озодии баён аст ва на танҳо ба ӯ рабт мегирад. Дафтари воқеъ дар Ню-Йорки ин созмон бо пахши изҳороте гуфт: “Ин як пайғоми сӯзандае мефиристад, ки дар Русия матраҳ кардани саволҳои нохушоянд ҷазои сангин хоҳад дошт ва ин ҳамон дарсест, ки мақомот чандин сол аст мехоҳанд ба матбуот бидиҳанд”.

Парвандаи Прокопеваро Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Гузоришгарони бидуни марз, Кумитаи дифоъ аз журналистон ва ва Федератсияи аврупоии журналистон интиқод карданд.

XS
SM
MD
LG