Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд гуфт, ки ба созиши хариди ҳавопаймоҳои ҷангии Русия омода шуд


Ҳукумати Ҳинд ба хариди 21 адад ҳавопаймои навъи MiG-29 омодагӣ нишон додаанд
Ҳукумати Ҳинд ба хариди 21 адад ҳавопаймои навъи MiG-29 омодагӣ нишон додаанд

Дар ҳоле, ки таниши марзии Ҳинду Чин идома дорад, Деҳлӣ ба хариди 33 ҳавопаймои ҷангӣ ва навсозии 59 ҳавопаймои дигар бо арзиши 2,4 миллиард доллар изҳори омодагӣ кард. Вазорати дифои Ҳинд рӯзи 2 июл хабар дод, ки аз Русия 21 адад ҳавопаймои навъи MiG-29 харида 59 ҳавопаймои MiG-29-ро навсозӣ мекунад. Ҳукумат инчунин қарори бо лисензияи Русия сохта шудани 12 ҳавопаймои навъи Su-30 MKI-ро дар корхонаи Hindustan Aeronautics Limited тасвиб кард. Вазорати дифои Ҳинд бо нашри изҳороте гуфт, ки барномаи истеҳсоли системаҳои мушакӣ таҳти рамзи "Made in India" барои “тақвияти нирӯҳои мусаллаҳ ба хотири ҳимояти марзҳои мо” равона шудааст.

Дар паи ин хабар нахуствазири Ҳинд Нарендра Модӣ ва президенти Русия Владимир Путин як гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд. Бо шумули масоили дигар, Моди Путинро бо “анҷоми муваффақиятомези” раъйпурсии тағйироти конститутсионӣ, ки ҳадафи аслиаш то соли 2036 тамдид кардани қудрати Путин аст, табрик кард. Ду раҳбар инчунин баргузории як ҳамоиши дуҷонибаро дар соли ҷорӣ дар Ҳинд баррасӣ карданд. Замони Ҷанги Сард ин ду кишвар шарику ҳамкор буданд ва бахши аслии муҳимоти артиши Ҳиндро маҳсулоти сохтаи Русия ташкил медиҳад. Хабарҳо аз такмил шудани захираҳои низомии Ҳинд дар ҳолест, ки ҳафтаҳои ахир равобити Ҳинду Чин бад шудааст. Дар паи як задухӯрди марзии Чину Ҳинд дар як нуқтаи баҳсӣ рӯзи 15 июн Ҳинд 20 сарбозашро аз даст дод.

XS
SM
MD
LG