Омори олудагии рӯзона дар ИМА аз 55 ҳазор нафар гузашт ва ин рақам ду баробар бештар назар ба ду ҳафта пеш будааст. Дар қиёс бо ИМА, дар Аврупо аз 3 июл ҷорӣ маҳдудиятҳо нарм шудан мегиранд. Вазъи коронавирус дар ИМА морпеч ё мисли спирал пеш меравад ва дар остонаи таҷлил аз рӯзи истиқлолият, ки 4 июл аст, нигарониҳо аз эҳтимоли афзоиши бештари вируси нав вуҷуд дорад. Амрикоиҳо маъмулан ҷашни истиқлолиятро бо ташкили пикникҳои оилавӣ ваё таҷаммӯъҳои дӯстона пешвоз мегиранд. Ҳоло афзоиши олудагиҳо ба вируси нав дар 40 то 50 аёлати ИМА мушоҳида мешавад. Дар чаҳор аёлат – Аризона, Калифорния, Флорида ва Техас 25 ҳазор ҳодисаи гирифтории нав ба қайд гирифта шудааст. Баъди якбора боз кардани иқтисод дар моҳи май, рӯзи 2 июл волии Техас Грег Аббот амр дод, ки дар тамоми аёлат муқаррароти доштани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз нав риоя шавад. Президент Доналд Трамп Рӯзи истиқлолиятро дар назди кӯҳи Рашмор бо тамошои оташбозӣ пешвоз мегирад. Дар ин маҳалли таърихӣ қарор аст 7500 нафар ширкат бикунанд ва мақомоти Дакотаи Ҷанубӣ гуфтанд, ки фосилагирии иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб ҳатмӣ неву ихтиёрӣ мешавад. Дар Аврупо ҳодисаҳои олудагии нав ва марг кам шудааст. Бритониё эълон кард, ки аз рӯзи 10 июл дигар аз мусофироне, ки аз Олмон, Фаронса, Испания ва Италия меоянд, талаб намешавад, ки маҳдудияти иҷтимоиро риоя кунанд.