Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти суҳбати Майк Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ


Майк Помпео бо вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Муовини ёвари Вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ дар як гуфтугӯи онлайнӣ ҷузъиёти ҷаласаи навбатии гуруҳи мавсум ба С5+1-ро шарҳ дод. Ҷонатан Ҳеник гуфт, Майк Помпео бо вазирони корҳои хориҷаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар мавзӯи мубориза бо COVID-19, рушди иқтисод ва савдо ва амнияти минтақавӣ суҳбат кардаанд.

Ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (С5+1) рӯзи 30-юми июн онлайнӣ баргузор шуд. Дар вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии ИМА - Майк Помпео, Қазоқистон - Мухтор Тлеуберд, Тоҷикистон - Сироҷиддин Муҳриддин, Қирғизистон - Чингиз Айдарбеков, Узбекистон - Абдулазиз Комилов ва Туркманистон - Рашид Мередов иштирок карданд.

Ҷаласаи рӯзи 30-юми июн нахустин гуфтугӯи оқои Помпео ва вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Миёна дар қолаби С5+1 пас аз мулоқоти моҳи феврали онҳо дар Тошканд буд.

Ҷонатан Ҳеник, муовини ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар як гуфтугӯи онлайнӣ рӯзи 1-уми июл гуфт, оқои Помпео ба пуштибонии Амрико аз истиқлол, ҳокимият ва тамомияти арзии кишварҳои ОМ таъкид карда ва гуфтааст, ки ин асоси стратегияи кишвараш дар ин минтақа мебошад. Ба гуфтаи ин дипломати амрикоӣ, Майк Помпео ҳамвора таъкид кардааст, ки Амрико ба субот, пешрафт ва амнияти Осиёи Миёна алоқа дорад.

Ӯ гуфт, сиёсати кишвараш ин будааст, ки итминон ҳосил шавад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дар интихоби манфиатҳои миллии худ озод ҳастанд ва дар тиҷорат, рушд ва муваффақият вобастаи ҳеҷ кишваре набошанд.

"Мо барои Осиёи Марказии пешрафта ва ниҳоят амн, ки ин кишварҳо, Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ фоида барад, кор мекунем,"-гуфт Ҷонатан Ҳеник.

Ба гуфтаи оқои Ҳеник, яке аз мавзуъҳои меҳварии гуфтугӯи рӯзи сешанбе, пандемияи COVID-19 ва таъсири он ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ буд. Амрико то ба ҳол барои кишварҳои шарики худ дар минтақа барои пешгирӣ ва назорати ин беморӣ 25 миллион доллар кӯмак кардааст.

Ба иловаи ин, ба унвони саҳмдори пештоз дар ҷаҳон -- дар Сандуқи байналмилалии пул, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Амрико нақши муҳиме дар таҳияи наздик ба 3 миллиард доллар дар кумаки вокунишии COVID-19 ба кишварҳои Осиёи Миёна доштааст.

Масъалаи дигари меҳварии гуфтугӯи Помпео бо ҳамтоёнаш аз Осиёи Марказӣ тақвият ва устувории иқтисодӣ будааст.

Ба гуфтаи Ҷонатан Ҳеник, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ба дунболи ислоҳоти сохторӣ ва дарозмуддат бошанд, ки битавонад суботи сиёсии пойдор, дарозмуддат ва рушди иқтисодиро барои мардум тазмин кунад.

Дар музокироти вазирони умури хориҷии Амрико ва Осиёи Марказӣ субот дар минтақа ба шумули раванди сулҳ дар Афғонистон баҳс шудааст.

"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин бовар аст, ки як Афғонистон босубот ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта барои сулҳ ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бисёр муҳим аст",-гуфт ӯ. "Мо аз ҳамкорӣ ва кӯмакҳои шарикони худ дар С5+1 қадрдонӣ мекунем ва бо ин ҳадафи муштарак талош мекунем",-афзуд вай.

Вохӯрии гуруҳи мавсум ба "С5+1" аз соли 2015 баргузор мешавад. Аз он сол Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид чаҳорчӯбаи нави ҳамкориро барои баррасии масъалаҳои минтақавӣ муқаррар кардаанд.

XS
SM
MD
LG