Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо муҳоҷири тоҷик дар марзи Қазоқистону Узбекистон ҷамъ шудаанд. ВИДЕО


Наздик ба ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Қазоқистон ва Узбекистон, дар гузаргоҳи “Жибек Жоли” дармондаанд ва аз мақомот талаб доранд, ки барои бозгашти онҳо ба Ватан кумак кунанд.

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти Тоҷикистон ҳафтае пеш муҳоҷиронро аз ин гузаргоҳи марзӣ оварда буд. Дар ин муддат боз гурӯҳи бузурги муҳоҷирон ҷамъ шудаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон мегӯяд, рӯзи 1-уми июл 100 кӯдак ва афроди солхӯрдаро ба кишвар бармегардонанд.

Рӯзи 1-уми июл чанде аз муҳоҷирон аз гузаргоҳи “Жибек Жоли” дар марзи Қазоқистону Узбекистон бо Радиои Озодӣ дар тамос шуда, гуфтанд, айни замон дар он ҷо наздик ба ҳазор нафар ҷамъ шудаанд.

Беш аз 600 мусофир рӯзи гузашта ба марз расидаанд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон онҳоро дар шаҳри Алмато ба чанд мусофирбар савор карданд ва қарор буд то ба Тоҷикистон расонанд.

Илҳом Бобиев, яке аз мусофирон, ба Радиои Озодӣ гуфт, “шаби 30-уми июн, соати 12-и шаб, дар 7 автобус моро ба ин ҷо оварданд. Ба мо гуфта буданд, то марзи Тоҷикистон мебаранд. Оварда, дар ҳамин ҷо партофтанд. Акнун намедонем чӣ кор кунем”.

Аммо сафорати Тоҷикикистон дар Қазоқистон ин иддаои муҳоҷиронро нодуруст хонд ва гуфт, автобусҳо на аз Алмато, балки аз қаламрави Узбекистон ташкил карда мешаванд.

Боз садҳо муҳоҷири тоҷик дар марзи Қазоқистону Узбекистон ҷамъ шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Муҳоҷирон мегӯянд, вақте онҳо ба марз расиданд, ҳудуди 300 шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар онҷо буданд.

Дар чанд наворе, ки муҳоҷирон фиристоданд, дида мешавад мардум дар шароити ногуворе қарор доранд. Бархе дар рӯйи замин ва қисме дигар зери “шипанг” хобанд. Мусофирон гулхан афрӯхта, дар назди гузаргоҳ хӯрок омода кардаанд, хокистар ва ғарами партовҳо дар видео намудор аст.

Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон рӯзи 1-уми июл дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби дар гузаргоҳи “Жибек Жоли” ҷамъ шудани муҳоҷирон баста будани марзи Узбекистон аст. Ба иттилои сафорат, дар назар аст, интиқоли муҳоҷирон дар давоми 2-3 рӯзи оянда сурат гирад.

Вазъият ҳар лаҳза дар ҳоли таҳаввул аст ва шумори муҳоҷирону мусофирон дар назди ин гузаргоҳ каму зиёд мешавад. Баргардондани муҳоҷирон асосан бо кумаки Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират сурат мегирад, ки то кунун ду дафъа бо сармоягузории Амрико ва мусоидати молии ҳукумати Норвегия муҳоҷиронро бо мусофирбарҳо ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба Тоҷикистон бурд. Ин сафарҳо барои муҳоҷирон ройгон анҷом дода мешавад.

Дар дафтари Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфтанд, ки кормандони онҳо машғули тартиб додани рӯйхати дармондаҳо ҳастанд. “Бо мақомоти Тоҷикистону Узбекистон ва Қозоқистон кор мебарем, то барои овардани муҳоҷирон як долон боз карда шавад”, - гуфт ҳамсуҳбати мо ва афзуд, “ҳамоҳанг кардан бо мақомоти чанд кишвар каме вақт металабад”.

Сафорат мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти шароити муоинаву ташхис шаҳрвандонро “навбат ба навбат” бармегардонанд. Ба иттилои сафорат, моҳи июн аз Қазоқистон 790 нафар бо автобус ва 237 нафар бо ҳавопаймо, дар маҷмӯъ, 1027 нафар ба Тоҷикистон бозгардонида шудаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG