Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамзан Қодиров даъват дорад Путин "президенти якумрӣ" бошад


Рамзан Қодиров бо Владимир Путин.
Рамзан Қодиров бо Владимир Путин.

Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров пешниҳод кард, ки Владимир Путин "президенти якумрӣ"-и Русия таъйин шавад.

Дар як наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, вай дар ҳузури мақомдорони дигари Чеченистон дар бораи президенти Русия мегӯяд: "Кӣ ӯро иваз мекунад? Чунин роҳбари сиёсие дар сатҳи ҷаҳонӣ мавҷуд нест".

Ба гуфтаи Қодиров, Чеченистон дар замони роҳбарии Путин "гулгулшукуфон" шудааст. "Мо имрӯз дар кишвари ҳуқуқбунёд, Федератсияи Русия зиндагӣ мекунем". Вай дар поёни навор аз мардуми Чеченистон даъват мекунад, ки "дар раъйпурсӣ ширкат кунанд", - зоҳиран манзур раъйпурсии тағйирот ба Конститутсияи Русия аст.

Раъйдиҳӣ имрӯз, 1 июл ба поён мерасад, аммо бино ба иттилои расмӣ, дар Чеченистон 75 дарсади сокинони қобили раъй ба пои сандуқҳо рафтаанд. Ин болотарин нишондод дар Русия аст. Гуфта мешавад, нишондоди умумии раъйдиҳӣ то субҳи 30 июн дар саросари Русия 45 дарсадро дар бар мегирифт.

Дар охирин интихобот дар Чеченистон 90 дарсади аҳолии қобили раъй ширкат карда буд. Аммо намояндагони мухолифон ба омор ва натиҷаи интихобот дар Чеченистон эътимод надоранд.

Қодиров пеш аз интихоботи президентии соли 2018 дар Русия изҳор дошта буд, ки Путин Русияро "то поёни умр роҳбарӣ кунад".

Яке аз тағйироте, ки дар Конститутсияи Русия пешниҳод шудааст, ба сифр баробар кардани давраҳои пешини президентии Путин аст. Дар сурати қабули ин тағйирот президенти амалкунандаи Русия имкон пайдо мекунад, ки ду давраи дигар, то соли 2036 номзадиашро ба курсии президентӣ пешбарӣ кунад. Соли 2036 Путин 84-сола хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG