Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА бархе сабукиҳои давраи пандемия аз нав бекор мешаванд


Техас, як толори интихоботҳо. 29 июни соли 2020
Техас, як толори интихоботҳо. 29 июни соли 2020

Омори нигаронкунандаи нав дар бораи ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус дар ИМА бисёр иёлотро водор кардааст, ки қарорҳои қаблӣ дар бораи дубора боз шудани бару тарабхона ва дигар тиҷоратҳо бекор шаванд, чун бисёр сокинон меъёрҳои эҳтиёткории мисли пӯшидани ниқоб ва фосилагириро риоя намекунанд. Дар 24 соати гузашта дар ИМА 42 ҳазор ҳодисаи нави олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Доктор Энтони Фаучи, мутахассиси аршади умури сироятшиносӣ гуфт, ки дар бархе иёлот меъёрҳои зарурии эҳтиёткории дуҳафтаинаро нодида гирифта тамоми тиҷоратҳоро боз карданд. Дар бархе иёлот, ки шоҳиди афзоиши фоҷеабори коронавирус шудааст, мақомот амр додаанд, ки пӯшидани ниқоб ҳатмӣ шавад. Дар саросари ҷаҳон то ҳол беш аз 10 миллион нафар ба коронавирус олуда шудаанд ва 504 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд. ИМА бо 2,6 миллион ҳолати олудагӣ ва 126 ҳазор талафот осебдидатарин кишвар аз коронавирус ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG