Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти 1613 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-2019 дар Қазоқистон


Яке аз бемористонҳои Алмато.
Яке аз бемористонҳои Алмато.

Рӯзи 28 июн дар Қазоқистон 1 613 гирифтори нави COVID-19 сабт шудааст. Ба ин тартиб, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ба 37 ҳазору 966 расид.

Вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон мегӯяд, дар кишвар 178 кас аз вируси корона фавтидааст. Қариб сеяки фавтидаҳо ба пойтахти Қазоқистон рост меояд.

Дар як шабонарӯзи гузашта, ба гуфтаи мақомоти он кишвар 12 кас аз ин вирус фавтидааст. Дар як рӯзи гузашта 195 гирифтор баъди муолиҷа аз беморхонаҳо рухсат ёфтаанд. Шумори умумии шифоёфтагон дар Қазоқистон ба 12 ҳазору 933 кас мерасад.

XS
SM
MD
LG