Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссиюни интихоботҳои Русия: шумори овоздодаҳо аз  28% гузашт


Ходими полис як нуқтаи раъйдиҳӣ дар Санкт-Петербургро назорат мекунад
Ходими полис як нуқтаи раъйдиҳӣ дар Санкт-Петербургро назорат мекунад

Комиссиюни марказии интихоботи Русия гуфт, ки дар рӯзи сеюми овоздиҳӣ барои тағйири конститутсияи ин кишвар, ки ҳадафи аслиаш тамдиди мӯҳлати президентии Владимир Путин аст, шумори овоздодаҳо аз 28,5% гузашт. Элла Памфилова, раиси комиссиюн рӯзи 28 июн гуфт, ки 31 миллион шаҳрванди Русия дар дохил ва ҳам аз берун овоз додаанд. Ӯ гуфт, ки 113 шикоят дар заминаи қонуншиканиҳои замони раъйдиҳӣ дарёфт кардааст. Овоздиҳии тағйири конститутсияи Русия бо сабаби пандемияи коронавирсус на дар як рӯз, балки як ҳафта ҷараён гирифта рӯзи 1 июл ба анҷом мерасад. Барои ширкат дар овоздиҳӣ 110,5 миллион нафар ҳақ доранд. Тағйироти конститутсионӣ мавриди интиқоди шадиди мухолифону мунаққидон шудааст, ки мегӯянд, Путин баъди ду даҳсола раҳбарӣ дар Русия аз роҳи нав кардани конститутсия мехоҳад ду мӯҳлати шашсолаи дигар дар сари қудрат бимонад. Бар асоси қонунгузории амалкунанда ӯ дигар ҳақ надорад дар интихоботи президентӣ номзад шавад.

XS
SM
MD
LG