Дар остонаи музокираҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар заминаи таъсиси бунёди барқарорӣ аз коронавирус, рӯзи 29 июн президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар Олмон мулоқот мекунанд. Ин аввалин мулоқоти рӯбарӯи ду раҳбар баъди шурӯи пандемияи коронавирус мешавад ва мулоқот ҳам дар Олмон барпо мешавад, ки раҳбарии нави давраии ИА-ро ба ӯҳда хоҳад гирифт. Қасри Елисей хабар дод, ки мулоқоти ду раҳбари аврупоӣ дар Қасри Масеберг, воқеъ дар шимоли Берлин баргузор ва баъдаш нишасти матбуотӣ доир мешавад. Дафтари Макрон гуфт, Олмон аз нимаи дуюми сол раҳбарии шӯрои ИА-ро ба дӯш мегирад ва “ин мулоқот омодагии муштарак барои ҳамоҳангии наздикро инъикос мекунад”. Моҳи май Макрон пешниҳод кард, ки барои барқарор кардани иқтисоди Аврупо дар шароити баъди пандемия 500 миллиард доллар буҷа лозим аст. Ин маблағҳо, аз ҷумла, ба дастгирии кишварҳои узве равона мешавад, ки иқтисодашон аз пандемия осеб дидаанд. Меркел дар як мусоҳибааш бо нашриҳои олмонӣ гуфтааст, ки ин маблағҳо “тамоми мушкилоти Аврупоро ҳал намекунад, вале бе ин пулҳо вазъ бадтар хоҳад шуд”.
Баррасии барномаи 500-миллиарддолларӣ дар маркази таваҷҷӯҳи мулоқоти Меркелу Макрон
