Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои Конгресс таҳқиқи хабарҳои пулдиҳии Русия ба Толибонро талаб доранд


Ҷумҳурихоҳ Лиз Чейнӣ мегӯяд, Кохи сафед бояд бигӯяд, ки чаро президент дар бораи подошгирии Толибон аз Русия огоҳонида нашуд
Ҷумҳурихоҳ Лиз Чейнӣ мегӯяд, Кохи сафед бояд бигӯяд, ки чаро президент дар бораи подошгирии Толибон аз Русия огоҳонида нашуд

Қонунгузорони ИМА мегӯянд, баъди гузорише дар бораи он ки хадамоти иктишофии Русия ба ҷангҷӯёни марбут ба Толибон барои куштори низомиёни ИМА дар Афғонистон подош додааст, аз Кохи Сафед иттилои бештар тақозо мекунанд. Президент Доналд Трамп гуфт, ки ҳеҷ гоҳ дар ин замина аз хадамоти иктишофии кишвараш хабаре дарёфт накардааст, дар ҳоле, ки ба навиштаи ахири New York Times, президент дар ин бора дар моҳи март огоҳонида шуд. Вакил аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Лиз Чейнӣ рӯзи 28 июн гуфт, ки агар навиштаҳои нашрия дуруст бошад, қонунгузорон бояд бидонанд, ки “кӣ ва кай хабардор шуда буд?”. Чейнӣ дар Твиттер навишт, Кохи Сафед бояд шарҳ диҳад, ки чаро президент ва муовини президент дар ин бора огоҳонида нашуданд. Ӯ инчунин тақозо кард, ки дар бораи кор дар самти ҳимояти нирӯҳои ИМА ва ҷавобгӯ кардани президенти Русия Владимир Путин шарҳ дода шавад. Нашрияи New York Times бо такя ба манбаъҳои беномаш дар мақомоти ИМА рӯзи 26 июн гуфт, ки хадамоти иктишофӣ чандин моҳ пеш ба ин хулоса омаданд, ки хадамоти иктишофии Русия ба Толибон подош пешниҳод кардаанд. Дар иттилои иловагии рӯзи 28 июн нашршуда нашрия гуфтааст, ки нирӯҳои вижа ва ходимони бахши иттилоотии ИМА дар Афғонистон ҳанӯз моҳи январ раҳбарони худро дар бораи эҳтимоли подош гирифтани Толибон аз Русия огоҳонида буданд.

XS
SM
MD
LG