Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби нави Русия аз муҳоҷирон дар давраи коронавирус


Аз муҳоҷироне, ки дар Русия патент ё иҷозаи муваққати зист РВП ё ВНЖ гирифтанӣ ҳастанд, минбаъд маълумотнома дар бораи бемории COVID-19 талаб карда мешавад.

Дар сомонаи маркази муҳоҷирати шаҳри Маскав гуфта мешавад, муҳоҷироне, ки баъд аз 27-уми июн патент мегиранд, бояд ҳангоми супурдани ҳуҷҷатҳои тиббӣ маълумотнома дар бораи бемории COVID-19 низ дошта бошанд.

Гуфта мешавад, маълумотномаҳое, ки то 26-уми июн дар робита ба бемории COVID-19 дода шудаанд, низ пазируфта мешавад.

Бино ба фармони Вазорати тандурустии Русия, COVID-19 ба феҳрасти бемориҳои сироятшаванда, ки барои атрофиён хатар дорад, ворид карда шудааст. Дар сурати мусбат баромадани натиҷаҳои ташхис, яъне ба COVID-19 гирифтор шудани шахс, мақомот дар Русия инро асос намуда метавонанд патент ва ё иҷоза барои корро бекор намоянд, санади муваққат ва домии зист надиҳанд.

То ба ҳол нархи таҳияи патент барои муҳоҷирони корӣ дар маркази муҳоҷирати Сахоровои Русия 12 ҳазору 750 рубл арзиш дошт. Бо ҳамроҳ шудани ташхиси COVID-19 ба феҳрасти санадҳои зарурӣ барои гирифтани патент маълум нест, хароҷоти муҳоҷирон боз чӣ қадар мефазояд.

Муҳоҷирони тоҷик ҳарчанд бидуни виза ҳақ доранд ба Русия раванд, чун Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест, барои фаъолият дар Русия бояд патент бигиранд ва ҳар моҳ молиёт пардозанд. Молиёти ҳармоҳаи патент дар Маскав 5350 рубли русӣ аст.

XS
SM
MD
LG