Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довталабони донишгоҳҳои Узбекистонро бо таби баланд ба имтиҳон роҳ намедиҳанд


Дар Узбекистон довталабоне, ки ҳарорати баданашон аз 37 дараҷа болост, ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳ роҳ дода намешаванд. Дар ин бора Оҷонсии иттилоот ва иртибототи назди президенти Узбекистон хабар дод.

Ҳамзамон довталабоне, ки ҳарорати ғайримуқаррарӣ надоранд, аз санҷиши тиббӣ гузашта, танҳо дар рӯзи чаҳорум ба имтиҳонҳо роҳ дода мешаванд.

Дар Узбекистон имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ба далели коронавирус дар ду ва ё се баст баргузор мешаванд. Ҳамчунин дар дохили толорҳои имтиҳон барои ҳар кадом довталаб на камтар аз 3 метри мураббаъ ҷудо мешавад.

XS
SM
MD
LG