Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: Русия барои куштани низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон подош пешниҳод кардааст


Сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон
Сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон

Нашрияи “The New York Times” гузориш дод, ки мақомоти иктишофии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин натиҷа расидаанд, ки хадамоти махсуси Русия ба гурӯҳи Толибон барои куштани сарбозони нерӯҳои эътилоф таҳти сарварии Амрико дар Афғонистон подош пешниҳод мекардааст.

Ин нашрия бо такя ба манобеи беном дар мақомоти Иёолоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 26-уми июн хабар додааст, ки дар Русия ба ГРУ ё Раёсати марказии истихбороти ин кишвар барои талошҳои куштор дар Аврупо ва дигар фаъолиятҳои муввафақона дар соли гузашта ҷоиза додаанд.

Сафорати Русия дар Вашингтон дафъатан инро иттиҳоми “бепояву асос” хонд.

Сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ, Пентагон ва Хадамоти иктишофии Амрико аз шарҳи расмии ин хабар, ки баъдан нашрияи “Вашингтон пост” низ онро нашр кард, худдорӣ карданд.

Ин нашрия хабар дод, ки ҳанӯз аз ин ҳолат ба Доналд Трамп, президенти Амрико дар моҳи март хабар дода буданд, аммо маъмурияти ӯ ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ки ба ин хабар чӣ гуна вокуниш кунанд.

Нашрияи “The Times” навиштааст, ки Толибон ва ё “гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноии алоқаманд ба онҳо” як қисми пулро дастрас кардаанд. Аммо дар гузориш гуфта мешавад, ки рӯшан нест, ки ин пардохтҳо ба 20 сарбози кушташудаи амрикоӣ дар соли гузашта дар Афғонистон рабт дорад, ё не.

Ин иддао қисман бар пояи пурсиши ситезаҷӯён ва ҷинояткорон асос ёфтааст.

Ин иддао дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳида пас аз имзои созишномаи сулҳ бо Толибон дар моҳи феврал тасмим гирифтааст, ки соли оянда сарбозонашро аз хоки Афғонистон берун кунад.

Нашрияи “The Times” навиштааст, ки мақомоти Амрико намедонистанд, ки то чӣ андоза амалиёти пинҳонии ҳукумати Русия тасдиқ шудааст ва он чӣ ҳадафро дунбол мекунад.

Сафорати Русия дар Амрико дар саҳифаи Твитери худ навиштааст, хабарнигороне, ки ин мақоларо нашр кардаанд, аз ҳамкории Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар бораи раванди сулҳ дар Афғонистон ва дигар кишварҳо маълумоти кофӣ надоранд.

Баъзе аз мақомдорони ИМА ҳадс мезананд, ки Русия метавонад барои кушта шудани зархаридонаш, ки аз ҷониби нерӯҳои амрикоӣ дар соли 2018 дар Сурия кушта шуданд, қасос гирад. Бархеи дигар тахмин мезананд, ки эҳтимол Русия нерӯҳои амрикоиро дар Афғонистон саркуб кардан мехоҳад.

Дар солҳои 80-уми асри гузашта, ки артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон қарор дошт, Иёлоти муттаҳидаи Амрико аз нерӯҳое, ки зидди сарбозони Шӯравӣ меҷангиданд, пуштибонӣ мекард.

XS
SM
MD
LG