Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар Маскав коргардон Серебренниковро дар “азхудкунӣ” гунаҳгор донист, худи ӯ иттиҳомро рад мекунад


Кирилл Серебренников
Кирилл Серебренников

Рӯзи 26 июн додгоҳе дар Маскав коргардони театр Кирилл Серебренниковро дар “азхудкунӣ” гунаҳгор эълон кард, худи ӯ ин иттиҳомро рад мекунад. Қарори додгоҳи ноҳмяи Мешанский рӯзи ҷумъа содир шуд ва ҳанӯз маълум нест, ки ҳукми додгоҳ чӣ мешавад. Айбдоркунанда Михаил Резниченко дар додгоҳ гуфт, ки Серебренников ва муттаҳамони дигар дар азхудкунии 129 миллион рубл (муодили 1,86 миллион доллар) гунаҳгор ҳастанд. Ӯ аз додрас хост, ки коргардонро ба шаш соли зиндон маҳкум кунанд. Қазияи маъруф ба “Парвандаи театр” ба Серебренникови 50-сола ва се узви дигари гурӯҳи ҳунарии “Студияи ҳафтум” марбут аст, ки барои азхудкунии як гранти давлатӣ дар солҳои 2011-2014 гунаҳгор мешуданд. Серебренников дар намоишҳои эътирозӣ иштирок карда нуфузи афзояндаи калисои ортодоксии Русияро интиқод кардааст. Боздошти ӯ дар соли 2017 мавриди таваҷҷӯҳи байналмилалӣ ва боиси интиқодҳо аз ҳукумати марказӣ шуд, ки ба саркӯби аҳли ҳунар ва фарҳанги норозӣ аз президент Владимир Путин ҳастанд.

XS
SM
MD
LG