Барои ширкат дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олии Узбекистон довталабоне, ки аз хориҷи кишвар худро сабти ном кардаанд, бояд се ҳафта қабл аз шуруъи имтиҳон вориди Узбекистон гарданд.
Дар ин бора Барно Раҷабова, сардори раёсати Маркази давлатии тестии Узбекистон рӯзи 25 июн хабар дод.
Вай гуфт, ба имтҳонҳо танҳо довталабоне роҳ дода мешаванд, ки се ҳафта қабл аз имтиҳон ба Узбекистон омада, натиҷаи ташхиси коронавирусро дар даст хоҳанд дошт.