Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрон Хонро барои "шаҳид" номидани Усома Бин Лодан танқид карданд


Имрон Хон ҳангоми суханронӣ дар порлумон
Имрон Хон ҳангоми суханронӣ дар порлумон

Имрон Хон, нахуствазири Покистонро барои “шаҳид” номидани Усома Бин Лодан раҳбари кушташудаи созмони Ал-Қоида сахт танқид кардаанд. Ӯ рӯзи 25-уми июн дар ҷаласаи порлумон гуфт, нерӯҳои махсуси Амрико Усома Бин Лоданро соли 2011 дар пинҳонгоҳаш дар шаҳри Абботобод “ба шаҳодат расонданд”.

Имрон Хон ҳамчунин гуфт, баъди ҳамлаи ғофилгиронаи нерӯҳои амрикоӣ ба хонаи Усома Бин Лодан, ки террористи рақами як дар ҷаҳон буд, ӯ худро “таҳқиршуда ва ҳиҷолатзада” эҳсос кард. Ӯ афзуд: “Баъди он тамоми ҷаҳон ба озор додани мо оғоз кард. Онҳо ба кишвари мо таҷовуз ва сипас танқид карданд. Манзури ӯ, танқиди Покистон барои он буд, ки Усома Бин Лоданро, ки 10 сол боз ҷустуҷӯ мешуд, натавонистааст, дар як маҳалли наздик ба қароргоҳҳои артиши кишвар пайдо кунад.

Ҳарчанд теъдоде аз раҳбарони Покистон амалиёти нерӯҳои Амрикоро беэҳтиромӣ ба истиқлоли кишварашон номида, танқид кардаанд, вале бори аввал аст, ки чунин мақоми олирутба тарҳрези асосии ҳамлаҳои террористии рӯзи 11-уми сентябр ба Иёлоти Мутаҳиддаро ситоиш мекунад.

XS
SM
MD
LG