Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони ҳуқуқ: ТВ-и давлатии Эрон дар даҳ соли ахир 355 эътирофи маҷбурии ҷиноятро намоиш додааст


IRIB - Телевизиони давлатир Ҷумҳурии исломӣ
IRIB - Телевизиони давлатир Ҷумҳурии исломӣ

Ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, телевизиони давлатии Эрон дар солҳои 2009 то 2019 ҳадди аққал 355 ҳолати эътирофи ҷиноятро намоиш додааст, ки барои эҷоди фазои тарс аз дигарандешӣ равона шудааст. Гузориши рӯзи 25 июн нашршуда таҳқиқоти муштараки созмони “Адолат барои Эрон”, мақарраш дар Лондон ва Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи башар, қароргоҳаш дар Париж мебошад. Гузориш мегӯяд, ки ин таҷрибаи қадимии режими ҷумҳурии исломӣ барои таҳти назорати додситонҳо ва бо ширкати ТВ-и давлатӣ маҷбур ба эътироф кардани гуноҳ аз ҷониби муҷримон мебошад. Гузориш мегӯяд, ки телевизиони IRIB ҳаммаънои “саркӯби оммавӣ” буда до вазорати иктишоф ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба таври фаъол дар самти поймолкунии ҳуқуқи инсон кор мекунад. Гузориш мегӯяд: “IRIB як созмони расонаии оддӣ ваё мустақил нест, балки органи саркӯбҳои давлатӣ аст, ки ҳамчун васила аз он истифода мешавад”.

Дар ин таҳқиқот боздоштшудаҳои собиқ ва дигарон гуфтаанд, ки дар баробари додситонҳо журналистони давлатӣ тарзи хондани матни эътирофи гуноҳро раҳнамоӣ мекарданд. Гузориш мегӯяд, ки “ҳар дафъа замони сабти эътирофи гумонбарон агар иштибоҳе роҳ ёфт, сабт қатъ ва аз нав наворгирӣ мешуд. Ҳамингуна то замони гӯё ба таври табиӣ хонда шудани эътироф шахс маҷбур буд чандин бор зери назари навори видеоӣ гап занад”. Гузориш мегӯяд, онҳое, ки эътирофи гуноҳ тавассути телевизионро рад мекарданд, латукӯб ва таҳдид мешуданд, ки мавриди озори ҷинсӣ қарор мегиранд ваё наздиконашонро маҷбур мекунанд, ки алайҳи онҳо баёнот диҳанд. Ин эътирофҳо баъдан ба таври густурда дар хабару филмҳои мустанади телевизионӣ истифода мешуд.

XS
SM
MD
LG