Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА олудагӣ ба коронавирус дар як рӯз рекордӣ шуд


12 апрел, Лос-Анҷелес
12 апрел, Лос-Анҷелес

Дар ИМА рӯзи 24 июн шумори рекордии сокинони олудашуда ба коронавирус – 34,700 нафар ба қайд гирифта шуд. Ин омор аз моҳи апрел ба ин сӯ баландтарин ба ҳисоб меравад. Афзоиши фавқулоддаи шумори олудашавиҳои нав аз сӯе ба тавсеаи тестҳои санҷишӣ дар кишвар рабт дорад, вале нигаронӣ аз он ҷост, ки беш аз як моҳ дар кишвар поинравии нишондодҳо мушоҳида мешуд. Волии Техас аз мардум тақозо кард, ки дар хона бимонанд, чунки давлат дар муқобили хатари “олудашавии оммавӣ” аст, дар Аризона мақомот пӯшидани ниқобро талаб карданд. Дар аёлати Калифорния дар давоми 24 соат 7 ҳазор ва дар Флорида 5500 ҳодисаи нав ба қайд гирифта шуд. Дар ин иёлот афзоиши нав аз ҳафтаи гузашта мушоҳида мешавад.

Аз замони ошкор шудани вируси нав, ки боиси пайдоиши COVID-19 мешавад, дар ИМА беш аз 120 ҳазор ва дар саросари ҷаҳон беш аз 480 ҳазор нафар ҷон доданд. Дар ҳамин ҳол, дар Бразилия дар 24 соат 42 ҳазор ҳодисаи нави олудагӣ ва 1185 ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар Бритониё анҷуманҳои беҳдоштӣ ба нахуствазир Борис Ҷонсон ҳушдори сахт доданд, ки бо сабук кардани меъёрҳои маҳдудкунанда хатари омадани мавҷи дуюми пандемия вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG