Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Қирғизистон зидди амалҳои марзбонони Узбекистон


Яке аз минтақаҳои марзӣ миёни Узбекистон ва Қирғизистон, ки шоҳиди таниш шуда буд.
Яке аз минтақаҳои марзӣ миёни Узбекистон ва Қирғизистон, ки шоҳиди таниш шуда буд.

Мақомоти марзбонии Қирғизистону Узбекистон рӯзи 24 июн дар деҳаи Чашмаи ноҳияи Қадамҷои Қирғизистон мулоқот карданд.

Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, мулоқот дар ҳоле баргузор шуд, ки марзбонони Узбекистон ахиран дар назди чашмаи деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯх талоши муайянсозии марзро кардаанд.

Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, ҳама гуна иқдомҳо дар минтақаи мазкур бояд бо созиш ва розигии тарафайн анҷом шаванд.

"Ҷониби Узбекистон бо хулосаҳои ҷониби Қирғизистон розӣ шуд. Дар поёни мулоқот тасмим шуд, ки сокинон аз чорабиниҳои марбут ба мушаххассозии марз аз қабл огоҳ карда шаванд", - омадааст дар иттилоияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Дар ҷазирақаламрави Сӯхи Узбекистон, ки бо Қирғизистон ҳаммарз аст, рӯзи 31 май байни сокинони маҳаллӣ низоъ бархост. Ба иттилои расмӣ, сокинон сари тақсими оби чашма ҷанҷол кардаанд.

Дар ин низоъ 187 шаҳрванди Узбекистон ва 25 шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳат бардоштанд.

XS
SM
MD
LG