Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худсӯзии писари донишманди маъруфи афғон дар эътироз ба табъизи муҳоҷирон дар Эрон


Наҷиб Моили Ҳиравӣ, донишманди афғон муқими Эрон.
Наҷиб Моили Ҳиравӣ, донишманди афғон муқими Эрон.

Донишманди маъруфи афғон Наҷиб Моили Ҳиравӣ аз наздик ба 50 сол дар ҳамсоякишвари Эрон зиндагӣ мекунад ва хизматҳои қобили мулоҳизае дар нусхашиносии қадими форсӣ, таҳқиқи адабиёт ва тасаввуфи исломӣ анҷом додааст. Ин донишманди 68-солаи зодаи Ҳирот дар ғарби Афғонистон, хонуми эронӣ дорад ва ду писараш дар Эрон ба дунё омадаанд.

Аммо бо танҳо иқомати муваққатӣ, Наҷиб Моили Ҳиравӣ барои даҳсолаҳо аст, ки дар тарси ҳамешагӣ аз ихроҷ аз ин кишвар зиндагӣ кардааст. Эрон ба таври маъмулӣ шуморе аз муҳоҷирони афғонро, ки дар ин кишвар ҳудуди 3,5 миллион нафар ҳастанд ва бисёре аз онҳо мақоми ҳуқуқӣ надоранд ва аз ҳуқуқҳои асосӣ маҳрум ҳастанд, ихроҷ мекунад.

Ин нигаронӣ замоне амалӣ шуд, ки мақомоти эронӣ дар моҳи апрел ба Наҷиб Моили Ҳиравӣ 15 рӯз муҳлат доданд, ки кишварро тарк кунад. Иқдоме, ки хонаводаи ӯро такон дод ва хашмгин кард. Онҳо далеле барои ихроҷи ин мард, ки ду бор – дар солҳои 2015 ва 2017 аз сӯи раиси ҷумҳури Эрон барои хизматҳояш ба забони форсӣ ва нусхашиносии исломӣ қадрдонӣ шуда буд, ироа накарданд.

Аз ноумедӣ писари калонии вай Шаҳоб Ҳиравӣ эътирози сахт кард. Ӯ рӯзи 16-уми май дар берун аз дафтари Вазорати умури хориҷии Эрон дар Машҳад худсӯзӣ кард.

Шаҳоб Ҳиравӣ, ки 58 дарсади баданаш сухтааст, барои чанд ҳафта дар бахши эҳёи Бемористони Имом Ризо қарор дошт. Ӯ баъд аз як моҳи муолиҷа беҳбуд ёфт.

Ӯ дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, маҷбур шуд, ки бинобар "таҳқири падарам аз сӯи мақомоти Эрон, нокомии ҳукумат дар ваъдаҳояш ба падарам ва нокомӣ дар додани мақоми шаҳрвандии Эрон ба падарам пас аз 49 сол зиндагӣ дар Эрон", даст ба чунин кор бизанад.

"Дуруст аст, ин танҳо эътироз ба рафтор дар нисбати падарам набуд. Ҳамчунон алайҳи бархӯрди нодуруст нисбати афғонҳо дар Эрон буд, ки ҳатто аз оддитарин ҳуқуқҳо бархӯрдор нестанд",-афзуд вай.

Ин парванда масъалаи табъизи афғонҳо -- чӣ дорои санад ва чӣ бидуни санадро, ки дар Эрон мавриди таҳқир ва ноадолатӣ қарор мегирад, бори дигар дар сархати расонаҳо қарор дод.

Ин ҳодиса баъд аз чанд ҳафтаи ҳалокати се муҳоҷири афғон дар шаҳри Язди Эрон рух медиҳад, ки бинобар хабарҳо, мошини онҳо бар асари тирандозии нерӯҳои интизомии Эрон оташ гирифт.

Дар моҳи май мақомоти афғон нерӯҳои марзбонии Эронро дар марги 46 муҳоҷири корӣ муттаҳам карданд, ки бинобар фишори марзбонони кишвари ҳамсоя худро ба дарё андохтанд

Ин ду ҳодиса боиси эътирози афғонҳо дар ҷодаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, ки мақомоти эрониро маҳкум карданд.

"Фишори ҳукумат№

Хабарии худсӯзии Шаҳоб Ҳиравӣ танҳо пас аз он, ки ӯ рӯзи 15-уми июн аз бемористон рухсат шуд, ба расонаҳо роҳ ёфт. Як рӯз баъд ӯ дар "Инстаграм" аксҳои худ дар бемористонро нашр кард. Дар аксҳо чеҳраи сӯхтаи ӯ ва низ нафаскашиаш аз зарфи оксигендор дида мешуд.

Шаҳоб Ҳиравӣ навишт, "бинобар мушкилоти иқомати падараш ва фишори ҳукумат ба вай", тасмим гирифт худсӯзӣ кунад.

Аз он замон, аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба гардиш даромаданд ва афғонҳо ва эрониҳо табъиз нисбати афғонҳо дар Эронро маҳкум карданд. Кишваре, ки бо Афғонистон муштаракоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ дорад.

Пас аз ин эътироз, ки наздик буд ба қимати ҷонаш тамом шавад, Шаҳоб Ҳиравӣ иддао кард, ки Вазорати иттилоот ё Вазорати амнияти Эрон "ғайри мустақим" ӯро ҳушдор дод, ки бо васоили ахбор суҳбат накунад ва ӯро ба талоши эҷоди таниш миёни Афғонистон ва Эрон муттаҳам карданд.

Аммо Ҳиравӣ гуфт, ки вай хомуш нахоҳад нишаст ва ҳушдор дод, ки агар ба падараш шаҳрвандӣ дода нашавад,ӯ худро ин дафъа дар рӯбарӯи дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Теҳрон ба оташ хоҳад кашид,

Шаҳоб Ҳиравӣ гуфт, ки соли гузашта мақомоти эронӣ ба падараш иҷозаи иқомати муваққатӣ доданд. Аммо ба гуфтаи вай, ин вазъият падарашро аз сафар ба хориҷ аз кишвар, аз ҷумла сафар ба кишвари аслиаш Афғонистон манъ мекунад.

Шаҳоб Ҳиравӣ ҳамчунин гуфт, ки мақомот навиштаҳо, коркардҳои падарашро нодида мегиранд. Ҳамчун бостоншинос, муҳаққиқ Наҷиб Моили Ҳиравӣ 102 таълиф дар корномаи худ дорад . "Tehron Times", рӯзномаи англисизабони чопи Теҳрон ӯро "чеҳраи қобили таваҷҷуҳ дар эроншиносӣ ва нусхашиносӣ", хонда буд.

Писари вай ҳамчунин гуфт, ки ҳукумат ба падараш ҷои сукунати нокофӣ додааст, ки ба гуфта вай, "дар мушкили сахти молӣ" буда ва аз афсурдагӣ ранҷ мебарад.

Рӯзи 17-уми июн ҳукумати Эрон эълон кард, ки ба додани шаҳрвандӣ ба Наҷиб Моили Ҳиравӣ мувофиқат шуда, раванд дар марҳилаи ахири идорӣ ва қонунӣ қарор дорад.

Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон ҳам гуфт, ки Наҷиб Ҳиравиро бо баландтарин нишон барои комёбиҳои ҳунарӣ қадрдонӣ кардааст ва аз ӯ барои солҳо хизматҳои фарҳангӣ ба Эрон, рушди равобити фарҳангӣ миёни Афғонистон ва Эрон ситоиш кард.

Баёния мегӯяд, ки дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати рушди шаҳрӣ, ба ин донишманд дар шаҳри Машҳад манзил дода хоҳад шуд.

Бо гузашти беш аз як моҳ аз худсӯзии Шаҳоб Ҳиравӣ, на дар баёнияҳои расмии мақомот ва на дар расонаҳои расмии Эрон ба ин эътироз ишорае нашудааст.

Ҳоло Шаҳоб Ҳиравӣ мегӯяд, ки то мақомот ба ваъдаҳои худ амал накунанд ва ҳақи заҳматро пурра напардозанд, падараш пешниҳоди қабули шаҳрвандии Эронро нахоҳад пазируфт. "Сипас тасмим хоҳем гирифт, ки бипазирем",-афзуд ӯ. Вай дар идома гуфт, ки падари вай "як намунае аз табъизи Эрон дар нисбати афғонҳо аст".

Сарпарасти Вазорати умури хориҷии Афғонистон Ҳаниф Атмар рӯзи 21-уми июн ба Теҳрон сафар кард. Ин сафар дар ҳоле сурат гирифт, ки таниш миёни Кобул ва Теҳрон бар сари ҳалокати муҳоҷирони афғон боло гирифт.

Дар як баёнияи муштарак ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки мувофиқатномаеро давоми се моҳи оянда дар бораи ҳамкориҳои стратегӣ, ки ҳузури муҳоҷирони афғон дар Эронро қонунӣ мекунад ва ба онҳо шароити таълим, кор ва беҳдоштро муҳайё месозад, ба имзо расонанд.

XS
SM
MD
LG