Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликони TikTok дар “фирор аз арзишҳои сотсиалистӣ” гунаҳгор шуданд


Шабакаи иҷтимоии чинии Tiktok дар Тоҷикистон ҳам маъруф аст
Шабакаи иҷтимоии чинии Tiktok дар Тоҷикистон ҳам маъруф аст

Мақомоти Чин соҳибони сервиси интернетии TikTok – ширкати ByteDance-ро дар “фирор аз арзишҳои сотсиалистӣ”, “вайрон кардани фазои кишвар” ва намоиши “мӯҳтавои ғайриахлоқӣ” гунаҳгор карданд. Дар ин бора рӯзи 24 июн "Bloomberg" хабар додааст.

Маъмурияти назорати интернетии Чин аз ҷумла видеосервиси Xigua-ро муҷозот кард, ки ба ByteDance марбут аст. Маҳдудиятҳои муайян инчунин дар нисбати масъулони Huya и DouYu ҷорӣ шуд, ки сармоягузорашон ҳолдинги чинии Tencent мебошад. Маъмурияти назорати интернетии Чин ин сервисҳоро муваззаф кард, ки сабтиноми корбарони нав ва навсозии барномаҳоро хотима диҳад.

Аз ин пеш шабакаи иҷтимоии TikTok барои пок кардани як навори видеоӣ дар бораи таъқиби мусалмонҳои Чин узрхоҳӣ кард. Дар санад гуфта мешавад, ки ин мавод бо хатои модератор тасодуфан пок шудааст. Баъди ин навор дубора барқарор шуд. То замони пок шудани он ду миллион нафар онро тамошо карда тавонистанд. Дар ин навор блогнависи 17-сола Фирӯза Азиз сӯҳбатро аз тарзи дароз кардани мижа шурӯъ карда баъди ин ба сӯҳбат дар мавзӯи саркӯби мусалмонҳои Чин мегузарад ва ин мушкилро Ҳолокости нав меномад.

TikTok – сервиси видеоҳои кӯтоҳ мебошад. Имрӯз ин замимаро дар 150 кишвари ҷаҳон беш аз як миллиард корбар истифода мекунанд. Дар худи Чин ин хадамот маъруфияти бештар дорад ва бо сабаби маҳдудиятҳои сензура танҳо дар бархе серверҳо фаъол аст.

XS
SM
MD
LG