Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши ИМА ба тавсеаи паймони START-и нав, аз ҷумла аз ҳисоби Чин


Нишасти матбуотии Вена рӯзи 23 июн, Маршалл Биллингсли, фиристодаи вижаи ИМА дар масоили назорати аслиҳа
Нишасти матбуотии Вена рӯзи 23 июн, Маршалл Биллингсли, фиристодаи вижаи ИМА дар масоили назорати аслиҳа

ИМА ба тавсеаи ширкатдорони созиши аслии назорати силоҳҳои ҳастаӣ бо Русия аз ҳисоби Чин талош дорад. Зимни суханронӣ дар нишасти матбуотии Вена рӯзи 23 июн, Маршалл Биллингсли, фиристодаи вижаи ИМА дар масоили назорати аслиҳа гуфт, ки ӯву муовини вазири хориҷӣ Сергей Рябков дар музокира ба пешравии назаррасе ноил шуда барои таъсиси гурӯҳҳои фаннӣ мувофиқа карданд. Созиши амалкунандаи назорати силоҳҳои ҳастаии миёни ИМА ва Русия моҳи феврали соли 2021 тамом мешавад ва музокираҳои кунунӣ ба қабули созишномаи нав равона шудааст. Биллингсли гуфт: “Мо, ИМА, ба ин бовар ҳастем, ки... созиши баъдии назорати силоҳ ҳама силоҳҳои ҳастаӣ, на танҳо ба истилоҳ силоҳҳои стратегии ҳастаиро дар бар хоҳад гирифт”. Созиши ахир чанд кулоҳаки ҳастаии дурпарвозро дар бар мегирад. Рябков созиш дар заминаи идомаи музокираҳоро “қадами ҷиддӣ ба пеш” унвон кард. Русия пешниҳод кардааст, ки кишварҳо шумори кулоҳакҳои дурпарвози ҳастаиро дар ҳудуди 1550 адад нигоҳ доранд. Вале Вашингтон гуфтааст, ки созишномаҳои дуҷониба оид ба назорати силоҳ кӯҳна шудаанд. Зиёда аз ин хостори ба имзои созишномаҳои нав ҳамроҳ кардани Чин шудааст. То ҳол Пекин ҳама гуна даъватҳо барои пайвастан ба ин гуфтугӯҳоро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG