Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар остонаи овоздиҳии конститутсионӣ Русия паради Рӯзи ғалабаро барпо мекунад


Дар гузашти низомии Русия дар баробари бархе раҳбарони ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ инчунин раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад
Дар гузашти низомии Русия дар баробари бархе раҳбарони ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ инчунин раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад

Як ҳафта пеш аз раъйдиҳии тағйироти конститутсионӣ, ки мӯҳлати раҳбарии президенти Русия Владимир Путинро то соли 2036 тамдид хоҳад кард, рӯзи 24 июн дар Маскав парад ё гузашти низомии батаъхирафтода ба муносибати Рӯзи ғалаба баргузор мешавад. Гузашти низомӣ шикасти режими Олмони нозӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро таҷлил мекунад, ки ҳамасола рӯзи 9 май баргузор мешуд. Қарор буд раъйдиҳии тағйироти конститутсионӣ рӯзи 22 апрел барпо шавад, вале бо сабаби пандемия ба таъхир афтод. Шаҳрдори Маскав аз тамошобинон даъват кард, ки паради ҳарбиро аз хона тамошо кунанд. Президентони Фаронса, Ҷумҳурии Чех, Хорватия ва Чин, ки қаблан барои ҳузур дар парад омодагӣ нишон доданд, аз парвоз ба Маскав даст кашиданд. Аз миёни президентони дигар дар ин маросим раиси ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Сербия, Тоҷикистон, Узбекистон, раҳбарони ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Гурҷистон – Осетияи Ҷанубӣ, Абхозистон ва намояндаи раёсатҷумҳурии чандмиллатии Босния Милорад Додик иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG