Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко дар бораи “нонхӯраки мӯйлабӣ”: “Таҳқир накунед”


22 июн, Брест. Александр Лукашенко дар мулоқот бо сокинони маҳаллӣ
22 июн, Брест. Александр Лукашенко дар мулоқот бо сокинони маҳаллӣ

Президенти Беларус Александр Лукашенко дар мулоқот бо сокинони шаҳри Брест аз мухолифон хост, ки ӯро таҳқир накунанд ва маҳбубияти ӯро ба замин назананд. Видеои сӯҳбатҳои президент бо сокинонро дар Telegram-канали "Пул Первого" нашр шуд ва дар телевизиони давлатӣ гуфтаҳои ӯ дар бораи “Сашаи 3-фоиза” ва “нонхӯраки мӯйлабӣ”-ро намоиш доданд. Саша дар забони русӣ шакли хуршудаи исми Александр аст ва ба номи президенти Беларус ишора мекунад.

Лукашенко хитоб ба гурӯҳи сокинони Брест гуфт: “Агар мушкил дошта бошед, бигӯед. Бубинед, ба ҷои ман ва ҳукумати феълӣ дигар ҳеҷ касе ба ҳал кардани ин мушкилот қодир нест. Шумо аллакай дар рӯи нимтанаҳои худ “Сашаи 3-фоиза” навиштед. Шумо бовар мекунед, ки президенти амалкунанда ҳамагӣ 3% маъруфият дорад? Ҳатто дар ана ин гурӯҳи алтернативӣ (ба мардуми ҷамъшуда ишора карда) аз ин бештар мегирам. Азият накунед ва таҳқир ҳам накунед”. Лукашенко дар бораи президент буданаш ёдовар шуд ва гуфт, “дар ҳеҷ як кишвари ҷаҳон таҳқир раво нест”. Бо ишора ба ҳарфи мардум дар нисбати” худаш гуфт: “Нонхӯраки мӯйлабӣ, боз гапҳои дигар (мегӯянд). Ман ҳеҷ як шахси шуморо таҳқир накардам-ку”.

Дар Беларус мизони маҳбубияти президент муддатҳо аст, ки нашр намешавад. Дар пурсиши охирини соли 2016 (НИСЭПИ) рейтинги Лукашенко ҳамагӣ 29,5% буд ва баъди ин НИСЭПИ маҷбур шуд дар Беларус фаъолияташро қатъ кунад.

Ибораи “Сашаи 3-фоиза” баъди он маъруф шуд, ки бар пояи пурсишҳои бархе матбуоти мустақил мизони маҳбубияти Лукашенко аз ҷои чорум боло нарафт. Дар ин пурсишҳо Лукашенко ба ҳисоби миёна 3% овоз гирифт. Баъди ин барпо кардани чунин пурсишҳо манъ шуд.

Лукашенко зимни сӯҳбат дар Брест гуфт: “ҳукумат дар Беларус имрӯз иваз намешавад. На ба он хотир, ки то кабуд шудани ангуштон онро маҳкам нигаҳ медорем. Ба он хотир ки аксари кулл ҷонибдори ман ҳастанд. Мо ин натиҷаҳои пурсишҳои афкори умумро нашр намекунем”.

Интихобот дар Беларус 9 август барпо мешавад ва дар миёни ҳафт номзади интихоботӣ Лукашенко аст, ки бори шашум аз соли 1994 барои ширкат дар интихобот омодагӣ нишон додааст. Ҳафтаи гузашта рақиби калидии интихоботии ӯ собиқ раҳбари Белгазпромбанк Виктор Бабарико бо иттиҳоми содир кардани ҷиноятҳои молӣ боздошт шуд. Лукашенкоро барои тамаркузи қудрат дар дасташ ва адами таҳампулпазирӣ ба мухолифону дигарандешон интиқод мекунанд

XS
SM
MD
LG