Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон тоҷирон зидди басташавии бозор эътироз карданд


Беш аз сад тоҷир 22 июн дар назди бинои маъмурияти вилояти Сирдарёи Узбекистон зидди баста шудани дарҳои бозори либос дар шаҳри Гулистон даст ба эътироз заданд.

Баъди мулоқоти намояндагони мақомот бо тоҷирон, роҳ ба сӯи бозор, ки ҳафтаи пеш баста шуда буд, дубора боз гашт.

Тоҷирон мегӯянд, мақомот тасмим доштанд бозори либосро пурра банданд ва фаъолияти фурӯшгоҳи навро рушд диҳанд. Вале мақомот бо радди ин иддао гуфтанд, бозор ба хотири пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус баста шуд.

"Як ҳафта роҳ ба сӯи бозорро бастанд. Сарфи назар аз боз будани дари дуконҳои мо ягон муштарӣ набуд. Зеро роҳ баста буд. Бинобар ин, мо имрӯз даст ба эътироз задем. Дар аввал ба назди бинои шаҳрдории Гулистон рафтем, вале ба далели он ки ягон намояндаи шаҳрдорӣ ба назди мо набаромад ба маъмурияти вилоят рафтем", - гуфт яке аз тоҷирони норозии Сирдарё.

Як ҳамсуҳбати дигари мо гуфт, маъмурони пулис баъди он ки ҷамъшудаҳо дар назди бинои маъмурияти вилоят ироаи талабҳои худро оғоз карданд, зидди онҳо аз нерӯи ҷисмонӣ кор гирифтанд.

Ба ҳисоби эътирозгарон, дар бозори либоси шаҳри Гулистон аз 500 то 1000 фурӯшанда фаъолият мекунад. Вале намояндаи шаҳрдории Гулистон гуфт, бозорро ба хотири пешгирӣ аз паҳн шудани вирус бастанд.

XS
SM
MD
LG