Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабистони Саудӣ сафари хориҷиҳоро ба ҳаҷ манъ кард


Масҷиди Ал-Ҳаром, шаҳри Макка, Арабистони Саудӣ.

Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ эълон кард, ки ба хотири мубориза бо коронавирус, сафари зоирони хориҷӣ барои иштирок дар маросими ҳаҷҷи имсола манъ аст. Мақомоти Саудӣ гуфтаанд, фақат он афроде, ки дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, метавонанд дар ҳаҷҷи имсола иштирок кунанд.

Дар эъломияи вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ гуфта шудааст, тасмими ахир барои итминон аз амну саломат будани маросими ҳаҷ ва ҳифзи ҷони инсонҳо рӯи даст гирифта шуд. Ин вазорат ҳамзамон гуфтааст, тамоми омодагиҳои лозим ба хотири баргузории ҳаҷ анҷом шудааст.

Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ рӯзи душанбеи 22-юми июн эълон кард, "танҳо шумораи маҳдуде" аз мусалмонон аз кишварҳои гуногун, ки дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, метавонанд дар ин маросим иштирок кунанд.

То кунун дар Арабистони Саудӣ 161 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шуда, беш аз 1300 тан фавтидаанд. Идомаи паҳншавии коронавирус дар ғарби Осиё, боис ба нигаронии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ шудааст.

Эълони манъи сафари мусалмонон аз хориҷ барои адои ҳаҷ дар ҳоле аст, ки дар бисёре аз кишварҳо раванди сабти шаҳрвандон барои ҳаҷ идома дорад.

Арабистони Саудӣ чанд рӯз қабл эълон карда буд, ки дар назар дорад шумораи зоиронро барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус маҳдуд кунад.

Як манбаи огоҳ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфта буд, ҳукумати Саудӣ ба ин бовар аст, ки бо ҷорӣ кардани муқаррарот, метавонад то ҳудуди 20 дарсад аз саҳмияҳои муайяншуда барои ҳар кишварро қабул кунад. Аммо ҳоло ин маросим танҳо ба шаҳрвандоне, ки дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ мекунанд, маҳдуд шудааст.

Омори давлатӣ нишон медиҳад, ки даромади солонаи Арабистони Саудӣ аз маросими ҳаҷҷи фарзӣ ва ҳаҷҷи умра 12 миллиард доллар аст.

Ҳар сол ҳудуди 2,5 миллион мусалмон аз беш аз 180 кишвари ҷаҳон барои адои ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (4)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG