Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон беш аз 40%-и қарорҳои ҳокимони вилоятҳо ғайриқонунӣ будаанд


Раиси Сенати Узбекистон Танзила Норбоева.
Раиси Сенати Узбекистон Танзила Норбоева.

Додгоҳҳои Узбекистон соли гузашта ҳудуди 3 ҳазор парвандаи марбут ба қарорҳои раисони вилоятро баррасӣ кардаанд, ки 42 дарсадашон ғайриқонунӣ будааст.

Дар ин бора раиси Сенати Узбекистон Танзила Норбаева дар ҷаласаи Маҷлиси олии ин кишвар иттилоъ дод.

"Тақрибан ними қарорҳои раисони вилоятҳо, аз 3 ҳазор 1255 қарор ғайриқонунӣ номида шуд. Шахсони масъул дар ниҳодҳои гуногуни маъмуриятҳо қарорҳои ғайриқонуниро таҳия карда, барои имзо ба раҳбарон пешниҳод намудаанд. Мутаассифона, дар натиҷа сокинони одӣ зарар дида, вақту пул сарф ва асабҳо хароб мешаванд", - гуфт ӯ.

Раиси сенати Узбекистон пешниҳод кард, ки дониши ҳуқуқии мансабдорон боло бурда шуда, миёни раисон таблиғоти ҳуқуқӣ гузаронида шавад.

XS
SM
MD
LG