Рӯзи 22 июн Кореяи Ҷанубӣ аз Кореяи Шимолӣ тақозо кард, ки нақшаи паҳн кардани варақаву шабномаҳо дар атрофи марзро бекор кунад. Пхенян гуфтааст, ки барои ирсоли 12 миллион адад шабномаҳо ба муқобили рақиби ҷанубиаш омодагӣ гирифтааст. Ҳафтаи гузашта баъди он ки Пхенян дафтари тамосҳои Кореяҳои Шимоливу Ҷанубиро дар марз тарконд, муносибатҳои ду ҳамсоя шиддат гирифт. Субҳи 22 июн Кореяи Шимолӣ гуфт, ки 12 миллион шабномаи таблиғотии зидди Кореяи Ҷанубиро омода карда бо кӯмаки 3 ҳазор адад пуфак онҳоро ба он сӯи марз паҳн хоҳад кард. Сухангӯи вазорати умури муттаҳидкунӣ Ёҳ Сангкей дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки Пхенян бояд аз нақшаи паҳн кардани шабномаҳои зидди Сеул даст кашад, чун ин амал “ба манфиати равобити ду кишвар нест”. Бархе нозирон мегӯянд, ки шароити боду ҳаво барои ирсоли шабномаҳо тавассути пуфакҳо мусоид нест ва имкон дорад, ки Кореяи Шимолӣ ин корро бо дронҳо анҷом диҳад. Ин амал метавонад боиси сар задани низоъ миёни ду кишвар шавад, чун дар ҳолати пайдо шудани дрон дар фазои Кореяи Ҷанубӣ ин кишвар бояд ҳатман вокуниш нишон диҳад.