Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Эҳтимолан дубора дар интихоботи президентӣ номзад шавам"


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, агар дар референдуми қарибулвуқуъ мардум ба ислоҳоти Қонуни асосӣ раъй диҳанд, эҳтимолан дубора ҳамчун номзад дар интихоботи президентӣ иштирок кунад.

Путини 67-сола, ки дар 20 соли ахир зимоми қудратро дар Русия дар даст дорад, бо тағйирот дар Қонуни асосӣ метавонад дар солҳои 2024 ва 2030 дубора барои президентӣ номзад шавад.

Ислоҳоти Қонуни асосӣ қаблан аз сӯи порлумон ва Додгоҳи Қонуни асосӣ тасвиб шуда буд, аммо бояд ба ҳамапурсӣ гузошта шавад. Қарор аст ин ҳамапурсӣ аз 25-уми июн то 1-уми июл доир шавад.

Мухолифони Путин ислоҳоти ёдшударо "кудатои конститутсионӣ" номиданд ва ба навиштаи хабаргузориҳо, интизор меравад ин ислоҳот дар ҳамапурсӣ ба таври густурда тарафдорӣ шавад.

Путин рӯзи якшанбе эълон кард, ҳанӯз тасмим нагирифтааст, аммо агар ислоҳоти Қонуни асосӣ аз сӯи мардум пуштибонӣ шавад, номзадии худро дар интихоботи ояндаро рад намекунад. Вай гуфт, "мо бояд кор кунем, на инки аз пайи ҷойгузини мақоми раёсати ҷумҳурӣ бигардем".

Путин рӯзи якшанбе ҳамчунин ба вазъияти иқтисодии Русия дар даврони фурӯпошии иқтисодӣ, аз ҷумла, захираҳои молии кам ва қарзҳои вазнини давлат ишора карда ва гуфт, акнун Русия дар вазъияти беҳтар қарор дорад.

Агар интихобкунандагон ба тарафдорӣ аз ин ислоҳот раъй диҳанд ва Путин дигарбора президент шавад, ин ба он маънӣ аст, ки ӯ то соли 2036 дар қудрат хоҳад буд.

Владимир Путин дар солҳои 2000 ва 2004 барои ду давраи раиси ҷумҳур интихоб шуд. Ӯ дар соли 2012, пас аз чаҳор соли як "қалъабандӣ"-и мансаби президентӣ бо рафиқаш Дмитрий Медведев, ба курсии президентӣ баргашт.

Давраи президентии Путини 67-сола дар соли 2024 ба охир мерасад ва бино бар Қонуни асосии Русия вай дигар ҳақ дошта наметавонист, номзади раёсатҷумҳурӣ шавад. Вале тағйире, ки ба ин қонун ворид карда шуд, акнун барояш имкон хоҳад дод, аз соли 2024 сар карда боз ду давраи дигар президенти Русия бошад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG