Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздоштҳо дар Беларус. Лукашенко гуфт, аз "инқилоб" пешгирӣ карданд. ВИДЕО, АКС


Александр Лукашенко
Александр Лукашенко

Баъд аз он ки Александр Лукашенко гуфт, ҳукуматаш аз "инқилоб" пешгирӣ кард, пулиси Беларус рӯзи 19-уми июн беш аз 100 нафарро дар арафаи гирдиҳамоии мухолифин боздошт намуд. Аз ҷумла, хабарнигорони Радиои Озодӣ аснои таҳияи гузориши мустақим ба ҳабс гирифта шуданд.

19-уми июн рӯзи охирини ҷамъоварии имзо барои сабтиноми номзадҳо ба мақоми президенти Беларус буд.

Интихоботи президентии Беларус 9-уми августи имсол баргузор хоҳад шуд. Александр Лукашенкои 66-сола, ки аз соли 1994 идораи кишварро дар даст дорад, мехоҳад, ба ҳокимияташ идома диҳад, вале сабқати нави интихоботӣ аз маъракаҳои пешина баъзе фарқиятҳо дорад. Рейтинги Лукашенко рӯ ба пастӣ ва рӯҳияи мухолифат ба идомаи раҳбарии ӯ дар ҳоли болоравист.

Ба иттилои бахши беларусии Радиои Озодӣ, рӯзи ҷумъа пулис дар саросари ин кишвар беш аз сад нафарро дастгир кардааст. Пештар аз он Лукашенко дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, дар ин кишвари Аврупои Шарқӣ, ки беш аз чаҳоряк аср боз бо панҷаҳои оҳанинаш идора мекунад, нақшаи "инқилоб"-ро хунсо карданд.

Вай гуфт, "нирӯҳо дар Шарқу Ғарб" талоши ноором кардани Беларусро доштанд, аммо "ниқобашон аз рӯй афтид" ва "лӯхтакҳо ва хоҷагонашон дар хориҷ" маълум шуданд.

Изҳороти Александр Лукашенко як рӯз пас аз он садо дод, ки Виктор Бабарика, яке аз рақибони эҳтимолии ӯ дар интихобот бо иттиҳоми напардохтани андоз ва пулшӯӣ дастгир шуд ва ҳазорҳо нафар ба нишони ҳамбастагиву ҳамраъйӣ дар хиёбони Истиқлоли Миснк ҷамъ омаданд.

Аксҳои бештарро дар ин ҷо бинед:

Бабарика давоми 20 сол раҳбарии “Белгазпромбонк”-ро ба уҳда дошт ва ахиран бо нияти иштирок дар интихоботи президентии рӯзи 9-уми август аз мақомаш канор рафт. Иван Тертел, раҳбари Кумитаи назорати давлатӣ гуфт, тахминан 20 корманди “Белгазпромбанк” низ боздошт карданд ва онҳо “иқрор” шудаанд, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ садҳо миллион долларро бар асоси як нақшаи сохтаи Бабарика ба Латвия интиқол додаанд.

Виктор Бабарикаи 56-сола амалкарди мақомотро "фармоиши сиёсӣ" ва бахше аз маъракаи тарс додан номид ва гуфт, мақомот ба хотири фишор овардан ба ӯ ин парвандаи ҷиноиро дуруст карданд.

Маҳбубияти Бабарика дар остонаи интихоботи президентии Беларус афзудааст. Ситоди интихоботии ӯ гуфт, ба тарафдориаш тақрибан 435 000 имзо ҷамъ карданд, дар ҳоле ки сад ҳазор имзо барои сабтиноми довталаби курсии президенти Беларус кофист.

Виктор Бабарика
Виктор Бабарика

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 19-уми июн аз Беларус хост, Бабарика ва писарашро фавран озод кунад ва риояи қонуниятро замонат диҳад. Питер Стано, намояндаи Иттиҳоди Аврупо, дар изҳороте гуфт, "ҳамагуна таҳқиқ бояд бетарафона ва бе фишори сиёсӣ сурат гирад".

“Гӯшмол”-и Бабарика ва “Белгазпромбонк” (тақрибан сад дарсад ба ширкати русии “Газпром” ва “Газпромбонк” тааллуқ дорад) замоне сурат мегирад, ки ба қавли коршиносон Лукашенко дар 26 соли ҳукуматдорияш ба чолиши бузургтарин рӯбарӯст.

Беларус тақрибан нӯҳумин миллион аҳолӣ дорад ва то кунун беш аз 57 ҳазор нафари онҳо ба коронавируси нав гирифтор шудаанд. Беморие, ки Лукашенко онро рад кард ва тавсияву даъватҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустиро дар бораи ҷорӣ кардани фосилаи ҷисмонӣ ва маҳдудиятҳои дигар нодида гирифт.

Баъзе аз назарсанҷиҳои ғайрирасмӣ ҳимояти умумӣ аз Лукашенкоро дар сатҳи се дарсад ҳисоб кардаанд.

Бори шашум аст, ки Лукашенко дар интихоботи президентӣ иштирок мекунад. Ҳукумат ва созмонҳои ғарбӣ ягон интихоботи президентӣ ва порлумонии даврони раҳбарии ӯро озоду одилона эътироф накардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG