Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовинони раиси Бонки Миллӣ ва Палатаи ҳисоби Тоҷикистон нав шуданд


Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон
Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон

Муовинони нави раиси Бонки Миллии Тоҷикистон маълум шуданд. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми июн бо судури фармоне гуфт, Моҳбону Накҳатзода ва Ҳоким Холиқзода муовинони нави раиси Бонки Миллӣ таъин шаванд. Фармон барои тасдиқ ба Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ду рӯз пеш Лола Салимова аз мансаби муовини раиси Бонки Миллӣ барканор ва ҷояш холӣ шуд. Мақомот гуфтанд, муҳлати ваколати ӯ ба поён расид.

Ҳамзамон бо ӯ муҳлати ваколати Ҷамолиддин Нуралиев, домоди президент ва шавҳари Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент низ ба ҳайси муовини аввал ба итмом расид, вале ӯ дубора дар мақоми худ таъин гардид. Муовинони раиси Бонки Миллиро барои панҷ сол таъйин мекунанд.

Моҳбону Накҳатзода (Накатова) пештар ба ҳайси мудири Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки Миллӣ кор мекард. Ҳоким Холиқзода дар интихоботи моҳи марти имсол вориди порлумон шуда, раёсати Кумитаи иқтисод ва молияро ба дӯш дошт.

Вай 47-сола ва зодаи ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ (Колхозободи пешин) аст. Қаблан дар бонки давлатии "Амонатбонк" кор кардааст.

Рӯзи шанбе дар Палатаи ҳисоб низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Зафар Азимӣ аз мақоми муовини раис, Файзалӣ Аҳмадзода, Собир Салимзода ва Рамеш Давроншоҳиён аз мансаби сараудиторони Палатаи ҳисоб сабукдӯш шуданд.

Бо фармони дигар Файзалӣ Аҳмадзода муовини раис, Зафар Раҳмонзода, Холназар Файзуллозода ва Аслиддин Ҳасанзода сараудиторони нави Палатаи ҳисоб таъин шуданд.

XS
SM
MD
LG