Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон сифати таълим дар баъзе донишгоҳҳои Тоҷикистонро паст хонд


Яке аз донишгоҳҳои Узбекистон
Яке аз донишгоҳҳои Узбекистон

Сифати таълим дар баъзе аз мактабҳои олии Тоҷикистону Қирғизистон ба талаботи Узбекистон ҷавобгӯ нест.

Ин нукта дар тавсияи Бозрасии давлатии назорати сифати таълими назди Девони вазирони Узбекистон дар бораи таъйини сатҳи сифати омӯзиш дар мактабҳои олии кишварҳои ҳамсоя гуфта шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон то кунун ба ин иддаои Узбекистон вокуниш нишон надодаанд.

Ба гуфтаи муаллифон, тавсия дар асоси як пажӯҳиши таҳлилии раванди таълим дар донишгоҳҳои ҳамсокишварҳои Узбекистон таҳия шудааст. Бозрасии давлатии назорати сифати таълими назди Девони вазирони Узбекистон гуфтааст, 16 донишгоҳи Тоҷикистону Қирғизистон ба бозори меҳнати ин кишвар ҷавобгӯ нестанд.

Ба феҳристи донишгоҳҳои дорои сатҳи пасти таълим мактабҳои олии зерини Тоҷикистон шомил шудаанд:

  • Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,
  • Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон,
  • Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон,
  • Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон,
  • Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон,
  • Донишгоҳи давлатии Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин),
  • Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.

Бозрасии давлатии назорати сифати таълими назди Девони вазирони Узбекистон дар охир ба довталабони кишвари худ тавсия додааст, ба донишгоҳҳои кишварҳое дохил шаванд, ки дар раддабандиҳои маъруфи омӯзишӣ мақоми баландро касб кардаанд.

XS
SM
MD
LG