Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Суғд барои куштори духтари хурдсол ва модараш зиндонӣ шуд


Додгоҳи вилояти Суғд як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гуноҳи куштани духтари хурдсол ва модараш ба 22 соли зиндон маҳкум кардааст.

Мақомот мегӯянд, Парвизҷон Сайфиддиновро ба куштори ҳамсари бародар ва духтари хурдсоли ӯ гунаҳкор донистанд. Маълум нест, Сайфиддинов дар мурофиа то куҷо ба гуноҳ эътироф кардааст.

Куштори модару духтар дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷони Ғафуров моҳи ноябри соли гузашта рух дода буд ва ҳукми додгоҳ дар ин бора нав содир шудааст.

Дафтари матбуотии Додситонии кул дар шарҳи ҳодиса менависад, Парвизҷон Сайфиддинов ба хотири он ки ҳамсари бародараш "ӯро мунтазам бо баҳонаи бекоркардию тайёрхӯрӣ таҳқир менамуд", нақшаи куштани ӯро кашидааст.

Ба қавли манбаъ, ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нахуст духтари 6-сола Аюбова Қ.С-ро бо корд ба ҳалокат расонда, сипас ба модари кӯдак Абдусаломзода С., ки барои халосии духтараш омада буд, ҳамла мекунад. Модари духтари хурдсол ҳам ба қавли додситонӣ "аз таъсири ин ҷароҳатҳои халанда" ҷон додааст.

Мақомот гуфтанд, Парвизҷон Сайфиддинов бо қарори додгоҳ 22 соли зиндонро дар зиндони низомаш сахт паси сар мекунад. Назари Сайфиддинов ё вакили дифои ӯ дар бораи ҳодиса дастрас нест. Маълум нест, ки онҳо дар ин бора чӣ назар доранд ва оё Парвизҷон Сайфиддинов дар додгоҳ ба гуноҳи худ эътироф кардааст ё не.

XS
SM
MD
LG