Додгоҳе дар Арманистон қарор кард, ки президенти собиқ Роберт Кочарян, ки дар сарнагун кардани сохтори конститусионӣ ва фасод айбдор мешавад, бо пардохти гаравпулӣ озод шавад. Додгоҳи ҷиноии таҷдиди назар дар Ереван рӯзи 18 июн ҳукм кард, ки Кочарян бо пардохти 4,2 миллион доллар гарав озод шавад. Худи Кочарян дар беморхонае дар Ереван таҳти муолиҷа қарор дорад.
Вакили ӯ Арам Вардеванян қарори додгоҳро истиқбол кард, вале гуфт, ки ҳаҷми гаравпулӣ “хеле калон аст”. Кочарян моҳи апрел ба Маркази тиббии Измирлиён барои амалиёти ҷарроҳӣ бурда шуд ва ин дуюмин мавриди ба беморхона рафтани ӯ дар ҳафт моҳи охир мебошад.
Рӯзи 13 май додгоҳи ноҳиявии Ереван бо гарав озод кардани Кочарянро то замони хатми мурофиаи додгоҳиаш посухи рад дод. Ду ҳафта баъд додгоҳи дигар гуфт, ки Кочаряни 65-сола наметавонад ба боздоштгоҳ биравад, чун хатари олудашавӣ ба COVID-19 вуҷуд дорад. Мақомоти низоми зиндонҳо ин ҳукмро ба чолиш кашид.
Додситонҳо мегӯянд, мухолифи озод кардани Кочарян дар давраи тафтишот ҳастанд, чунки собиқ президент (1998-2008) метавонад аз мурофиаи додгоҳӣ фирор кунад. Кочарян июли соли 2018 боздошт шуд ва ҳоло ҳамроҳ бо се мақомдори собиқ барои саркӯби мухолифон баъди интихоботи соли 2008 ва гирифтани пора гумонбар мешавад. Ба ӯ то 15 соли ҳабс таҳдид мекунад. Худи Кочарян мурофиаро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидааст.