Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олии ИА: қонуни Венгрия дар бораи маблағгузории хориҷии созмонҳои маданӣ ғайриқонунӣ аст


Нахуствазири Венгрия Виктор Орбан
Нахуствазири Венгрия Виктор Орбан

ЪДодгоҳи олии Иттиҳоди Аврупо ҳукм кард, ки муқаррароти ҷорикардаи ҳукумати ростгарои нахуствазири Венгрия Виктор Орбан дар бораи маблағгузории хориҷии созмонҳои ҷамъиятӣ хилоф бо қонунҳои ИА мебошад. Додгоҳи адлияи Аврупо воқеъ дар Люксембург бо нашри изҳороте рӯзи 18 июн гуфт, ки “маҳдудиятҳои Венгрия дар бораи маблағгузории созмонҳои маданӣ, ки аз ҷониби шахсони воқеъ дар хориҷ аз кишварҳои узв таъсис шудаанд, бо қонунҳои ИА мутобиқат намекунад”. Баъди он ки соли 2017 дар Будапешт қонунеро қабул карданд, ки созмонҳои мадании маҳаллӣ бо 27 ҳазор доллар маблағгузории солона бояд ҷудогона ба қайд гирифта шаванд, Комиссиюни Аврупо - бахши иҷроияи ИА, ба додгоҳ шикоят бурд. Қонун, ки ҳадафи аслиаш боло бурдани шаффофият дар заминаи маблағгузории созмонҳои ҷамъиятӣ ва мубориза бо пулшӯӣ аст, мегӯяд, ки созмонҳо бояд исми донори худро нашр кунанд, вагарна мавриди таҳрим қарор мегиранд. Мунаққидон мегӯянд, ки дар асл ин қонун бар зидди зодаи Венгрия - миллиардери хайрхоҳи амрикоӣ Ҷорҷ Сорос нигаронида шудааст, ки як мунаққиди шадидлаҳни Орбан мебошад. Додгоҳ иддаои Венгрияро дар бораи шаффофият рад кард ва гуфт, ки ин қонун ба ҳама, на танҳо ба созмонҳои таъсиргузор дар афкори ҷамъиятӣ рабт дорад. Раиси ситоди ҳукумати Венгрия Гергели Гулаш рӯзи 18 июн дар нишасти матбуотии ҳафтагии худ гуфт, “мо дар гузашта ҳама қарорҳои Длдгоҳи аврупоиро эҳтиром мекардем ва ҳоло ҳам чунин хоҳем кард”.

XS
SM
MD
LG