Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари полиси Атланта дар куштор муттаҳам шуд


Ҳаракати “Зиндагии сиёҳпӯстон аҳамият дорад” дар саросари ИМА масъалаи нажодпарастиву ваҳшонияти полисро ба чолиш кашид
Ҳаракати “Зиндагии сиёҳпӯстон аҳамият дорад” дар саросари ИМА масъалаи нажодпарастиву ваҳшонияти полисро ба чолиш кашид

Додситонҳои шаҳри Атлантаи аёлати Ҷорҷиа полиси сафедпӯстеро, ки дар паи тирандозиаш амрикоии африқоитабор Райшард Брукс ба ҳангоми талоши боздошт даргузашт, аз рӯи иттиҳоми куштор ба ҷавобгарӣ кашиданд. Афсари полиси Атланта Гарретт Ролф дар куштори ҷиноӣ гумонбар мешавад, ки ҳукми маргро пешбинӣ мекунад. Ролфи 27-сола инчунин дар даҳ иттиҳоми дигар муттаҳам шудааст, ки даҳҳо соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Ӯро аллакай аз сохтори полис хориҷ кардаанд. Додситон Пол Ҳовард дар эълони иттиҳом ба ходими полис рӯзи 17 июн гуфт, замоне, ки Брукс кушта шуд, “хатар эҷод намекард”. Дар як навори видеоии полис дида мешавад, ки Брукс ҳангоми фирор аз дасти афсарон электрошокерро гирифта бар зидди онҳо истифода кард. Вакилони дифои Ролф гуфтанд, ки афсарон аз ҷони худ хатар доштанд ва тирандозии онҳо ба сӯи Брукс қонунӣ буд. Афсари дуюм Девин Броснани 26-сола дар ҳамла бо оқибатҳои сангин ва нақзи қасами касбӣ гумонбар мешавад. Ин ҳодиса камтар аз се ҳафта баъди марги Ҷорҷ Флойд, як амрикоии африқоитабори дигар аз дасти полиси Миннесота рух дод. Ин ҳодиса лар ИМА эътирозҳои сартосарӣ аз ваҳшонияти полис ва нобаробарии нажодиро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG