Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Тоҷикистон 813 ҳазор доллари дигар кумак кард


Амрико ба Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир 813 ҳазору 300 доллар кумак кардааст. Ин пул ба воситаи Бюрои Вазорати корҳои хориҷии Амрико оид ба муборизаи байналмилалӣ бо қочоқи маводи мухаддир (INL) дастрас мешавад ва ба тарҳи "таъсис додани академияи таълимӣ" сарф хоҳад шуд.

Бюрои INL ин тарҳро тариқи маблағгузории Конгресс ба Вазорати умури хориҷии Амрико, сармоягузорӣ кард. Ин маблағҳо барои мубориза алайҳи ҷинояткории созмонёфта ва қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва ҷаҳон, пешбинӣ шудааст.

Сафорати Амрико дар Душанбе мегӯяд, ин маблағ ба ҳукумати Тоҷикистон дар таҳияи нақшаи таълимӣ барои баланд бардоштани тавоноиҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар тафтишу таъқиби созмонҳои муташаккили ҷиноӣ, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғуланд, кӯмак хоҳад кард. Яке аз ҳадафҳои дигари ин кӯмак, баланд бардоштани қобилияти идоракунии Оҷонсии назорати маводи нашъаовар гуфта шудааст

Дар хабарномаи Сафорати Амрико дар Душанбе омадааст, ки ИМА шарики Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ буда, дар масоили муҳимтари зери мандати ин созмон саҳм мегузорад

Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) як барномаи мустақили таълими фосилавиро дар асоси базаи мавҷудаи курсҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис хоҳад дод. Раванди таълим бар асоси таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон ва усулҳои тафтишотии Оҷонсӣ, сурат хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG