Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ бо шарти боло бурдани нархи барқ ба Тоҷикистон грант дод. САДО


Ширкати "Барқи Тоҷик"
Ширкати "Барқи Тоҷик"

Бонки Ҷаҳонӣ барои ба эътидол овардани вазъи молиявии ширкати "Барқи Тоҷик" 134 миллион доллар грант ё кумаки билоиваз дод. Вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 17-уми июн созишномаи байни Бонки Ҷаҳонӣ ва Тоҷикистонро қабул карданд.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ки созишномаро ба вакилон муаррифӣ кард, гуфт, маблағҳо барои дастгирии молиявии "Барқи Тоҷик" ва беҳбуди идоракунии ширкат равона мешавад. Барнома, қарор аст, то соли 2026 амалӣ шавад.

Вазъи молиявии "Барқи Тоҷик" ширкати монополисти давлатӣ дар бозори нирӯи барқ солҳост ногувор мемонад. Ба ҳолати оғози соли 2020 қарзи ширкат ба беш аз 26 миллиард сомонӣ (2 миллиарду 600 миллион доллар) расид.

Аммо як шарти ҷудо шудани гранти Бонки Ҷаҳонӣ барои "Барқи Тоҷик" ин аст, ки Тоҷикистон бояд сол ба сол нархи нирӯи барқро боло бибарад. Бонки Ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳангоми тасдиқи барномаи кумаки 134-миллиондолларӣ барои устувории "Барқи Тоҷик" гуфта буд, нархи нирӯи барқро дар Тоҷикистон боло баранд, вагарна ширкат аз нигоҳи молӣ устувор нахоҳад буд.

Бонки Ҷаҳонӣ ба "Барқи Тоҷик" грант дод, аммо бо чӣ шарт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00
Линки мустақим

Ҳукумати Тоҷикистон ин пешниҳоди бонкро қабул кардааст ва то соли 2025, қарор аст, нархи нирӯи барқ афзоиш ёбад. То соли 2021 ҳар сол ба қадри 15 дарсад ва аз соли 2022 то 2025 ҳашт дарсадӣ.

Айни замон нархи нирӯи барқ барои аҳолӣ 22,66 дирам (2,3 сент) аст. Аммо Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ин нарх хароҷоти тавлиди нерӯи барқро рӯйпӯш намекунад ва бояд афзуда шавад. Ба ҳисоби "Барқи тоҷик" нархи ҳар як киловатт/соат барқи тавлидкардааш 28 дирам (2,8 сент) арзиш дорад ва бо ҷои фоида зарар мебинад.

Аммо коршиносон мегӯянд, ҳисобдории "Барқи тоҷик" тоҷик шафоф нест ва намешавад бар пояи он нархи барқро арзон ҳисоб кард.

Президенти Тоҷикистон дар бастаи амру фармонҳояш дар робита ба коҳиш додани таъсири манфии COVID-19 ба иқтисоди Тоҷикистон дастур дод, аз ҷумла нақшаи боло бурдани нархи барқ... то охири сол ба таъхир гузошта шавад. Ҳамакнун маълум нест, ин дастури раисҷумҳур бо шарти гранти тақдимкардаи Бонки Ҷаҳонӣ чӣ гуна ҳамхонӣ хоҳад дошт.

Ба ҷуз аз ВМКБ, боқӣ қаламрави Тоҷикистонро ширкати "Барқи Тоҷик" бо барқ таъмин мекунад. Ин ширкат айни замон 26 нирӯгоҳро дар ихтиёр дорад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкати "Помир энержӣ" сокинонро бо барқ таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG