Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Азия Нюс" муваззаф шуд, ба Жениш Разоқов ҷуброн пардозад


Яке аз саҳифаҳои "Азия Нюс".
Яке аз саҳифаҳои "Азия Нюс".

Додгоҳи шаҳри Бишкек нашрияи "Азия Нюс"-ро вазифадор кард, ки ба муовини пешини сарвазири Қирғизистон Жениш Разоқов 50 ҳазор сом (ҳудуди $670) ҷуброн пардозад.

Сармуҳаррири нашрия Асланбек Сартбоев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, бо қарори додгоҳ розӣ нестанд ва мехоҳанд аз болои он ба Додгоҳи олии Қирғизистон шикоят баранд..

Разоқов ҳанӯз дар замони муовини сарвазири Қирғизистон будан зидди "Азия Нюс" ба додгоҳ шикоят бурда буд. Ӯ ба хотири матлаби нашрия, ки дар он "гумошта"-и хадамоти махсуси Тоҷикистон номида мешавад, аз нашрия 10 миллион сом ҷуброн талаб кард. Додгоҳи Қирғизистон моҳи ноябри соли 2019 даъвои муовини сарвазирро қонеъ ва нашрияро 1 миллион сом (ҳудуди 14000 доллар) ҷарима кард.

Додгоҳи шаҳрии Бишкек моҳи феврали соли равон ҳам нашрияро ба пардохти 300 ҳазор сом ҷуброн ба вазири умури дохилии Қирғизистон Кашкар Ҷунушалиев вазифадор карда буд. Вазири қирғиз аз нашрия 5 миллион сом талаб дошт.

XS
SM
MD
LG