Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқрори низомиёни Туркия дар шимоли Ироқ барои муқобила бо курдҳо


Қароргоҳи РКК дар Ироқи шимолӣ. Ҷангии курд дар пасманзари акси Абдулло Оҷалон, пешвои зиндонии курдҳои шӯришӣ
Қароргоҳи РКК дар Ироқи шимолӣ. Ҷангии курд дар пасманзари акси Абдулло Оҷалон, пешвои зиндонии курдҳои шӯришӣ

Туркия бо ҳадафи муқобила бо пойгоҳҳои шӯришиёни курд низомиёни худро дар шимоли Ироқ мустақар намуд. Вазорати дифоъ рӯзи 17 июн гуфт, ки нирӯҳои вижа аз роҳҳои ҳавоӣ ва бо ёрии чархболҳову дронҳои мусаллаҳ дар чаҳорчӯби амалиёти “Панҷаи бабр” ба фаъолият пардохтанд. Амалиёти марзии нав ду рӯз баъди он шурӯъ шуд, ки Туркия ба қароргоҳи Ҳизби коргари Курдистон (PKK) дар Кандил ва Синҷару Ҳакурк ҳамлаҳо анҷом дод. Дар посух Ироқ сафири Туркияро фаро хонда эътирози ҳукуматашро баён кард. “Рудов”, як нашрияи курдии воқеъ дар Ироқ рӯзи 16 июн гуфт, ки тӯпхонаҳои эронӣ мавқеъҳои курдҳоро дар шимоли Ироқ дар мавзеи Ҳоҷӣ Умрон ҳадаф гирифтанд ва ин як ҳолати нодири ҳамоҳангии низомиёни турку эронӣ мебошад. Маълум нест, ки оё курдҳо хисороте диданд ё на, вале ин нуқот қароргоҳҳои муҳими РКК маҳсуб мешаванд. РКК-ро Туркия, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ меномад. Ин ташаккул давоми наздики чил сол аст, ки бар зидди Туркия меҷангад, чун мегӯяд, хостори ҳуқуқи бештар барои курдҳо аст. Курдҳо иддао мекунанд, ки то ҳол ин ихтилофҳо ҷони 40 ҳазор нафарро гирифтааст.

XS
SM
MD
LG