Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қубодбек Боронов сарвазири Қирғизистон шуд


Қубодбек Боронв, нахуствазири нави Қирғизистон.
Қубодбек Боронв, нахуствазири нави Қирғизистон.

Порлумони Қирғизистон 17 июн аз номзадии ҳамакнун муовини пешини сарвазир Қубодбек Боронов ба мақоми сарвазирии ин кишвар ҷонибдорӣ кард. Ҳамчунин ҳайат ва барномаи нави ҳукумат тасдиқ шуд.

Вакили пешини порлумон аз ҷиноҳи "Қирғизистон" Алмосбек Ботирбеков, ки пеш аз муҳлат мандати вакилияшро супорид, муовини аввали сарвазири ин кишвар таъйин гашт.

Таалайбек Темиралиев раиси дастгоҳи ҳукумат ва Олтинбек Исмаилов раиси Кумитаи давлатии технологияи иттилоотӣ ва алоқа интихоб шуда, боқии аъзои ҳукумат симатҳои худро ҳифз карданд.

Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон 15 июн дар пасманзари як моҷарои фасодкорӣ истеъфо дод. Дар муроҷиаташ вай гуфт, ба далели вазъи номуайяни пешомада дар робита ба шуруъи тафтиши фурӯши радиобасомадҳо истеъфо медиҳад ва намехоҳад, ин тафтишот монеа фаъолияти комили ҳукумат шавад.

XS
SM
MD
LG