Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳудуди 60 шаҳрванди Русия дар марзи Тоҷикистон бо Узбекистон дармондаанд. ВИДЕО


Наздикии марзи Тоҷикистону Узбекистон
Наздикии марзи Тоҷикистону Узбекистон

Ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", дар гузаргоҳи марзии "Ойбек"-и вилояти Суғд, дар марз бо Узбекистон, ҳудуди 60 шаҳрванди Русия дармондаанд, ки ба иллати маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус наметавонанд ба хонаҳояшон баргарданд. Як қисми онҳо тоҷикистониҳое мебошанд, ки шаҳрвандии Русияро доранд ва муваққатӣ ба Тоҷикистон омада буданд.

Онҳо мегӯянд, бо вуҷуди ташкили парвозҳои махсуси ҷониби Русия барои интиқоли шаҳрвандонаш ба ватан боз шудани роҳи заминиро мунтазиранд, зеро 400 евро пули билетро надоранд.​

Ин шаҳрвандони Русия умедворанд, ки барои баргашташон тариқи кишварҳои транзитӣ "долони сабз" ташкил карда мешавад. Бештари дармондаҳо мегӯянд, пулҳояшон тамом шудааст.

Як мард бо номи Шоҳ гуфт, чанд бор ба консулгарии Русия дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат карданд ва бо тавсияи дипломатҳо хитобаеро низ имзо карда, ба сафорати Русия дар Тоҷикистон фиристоданд, вале то ҳол посухе дарёфт накардаанд.

"Касе тавони хариди билетро дошт, рафт. Мо ҳамроҳи мошинҳоямон инҷо мондем. Аз онҳое дархости кумак дорем, ки барои ҳимояти ҳуқуқи шаҳрванон дар кишвари дигар вазифадоранд. Ба дархосту муроҷиати худ то имрӯз ҳеч посух ва вокунише нагирифтаем. Бинобар ин, охирин умед омадан ба хати марз буд. Мо дигар пуле надорем", - афзуд ӯ.

Дар Консулгарии Русия дар Хуҷанд тасдиқ карданд, ки як гуруҳи шаҳрвандон ба онҳо муроҷиат карда, барои баргашт аз Тоҷикистон ба Русия дархости кумак намуданд. Ба гуфтаи дипломатҳои рус, "сафорат аз қазия огаҳ аст ва то ҳадди имкон кумак мекунад", вале ҳоло ба иллати он ки марзҳо бастаанд, шаҳрвандон наметавонанд баргарданд.

Дар сафорати Русия дар Душанбе гуфтанд, ки бо мақомоти Тоҷикистон ва кишварҳои транзитӣ мушкили баргардонидани шаҳрвандони худ ба хонаҳояшонро аз роҳи заминӣ баррасӣ доранд.

XS
SM
MD
LG