Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмурияти Трамп ба хотири таъхир дар нашри китоби Болтон ба додгоҳ шикоят кард


Ҷон Болтон 17 моҳ дар мақоми мушовири амнияти миллии Трамп кор кардааст
Ҷон Болтон 17 моҳ дар мақоми мушовири амнияти миллии Трамп кор кардааст

Вазорати адлияи ИМА ба додгоҳ ба додгоҳ ариза дода, талош дорад ба собиқ мушовири амнияти миллӣ Ҷон Болтон дар нашри китоби нави хотираҳояш дар бораи кораш дар Кохи Сафед халал расонад. Дар аризаи додгоҳии рӯзи 16 июн омадааст, ки бархе қисматҳои китоби нав маълумоти махфӣ дорад ва метавонад ба амнияти миллии кишвар “зарари ҷуброннопазир” расонад. Ариза рӯзе баъд аз он ворид шуд, ки президент Доналд Трамп гуфт, агар китоб чоп шавад, Болтон қонунро нақз хоҳад кард. Китобе бо номи “Хонае, ки ҳодиса рух дод: Хотираҳо аз Кохи Сафед” рӯзи 23 июн чоп мешавад. Дар ариза гуфта мешавад, ки Болтон бо нашри китоб “қарордоди кор ва дастрасӣ ба иттилои махфӣ”-ро нақз мекунад. Трамп сентябри соли 2019 баъди 17 моҳи кораш ба ҳайси мушовири амнияти миллӣ Болтонро аз вазифа барканор кард. Ношири китоб Simon and Schuster дар муроҷиат ба хонанда мегӯяд, ки китоби мазкур чизест, ки “Доналд Трамп намехост, ки шумо онро бихонед”. Дар китоб Болтон маъмурияти бебандубори Трамп, гӯё содир шудани чандин ҳолати қонуншиканӣ, аз ҷумла фишор болои Украина ва таҳқиқи рақиби Трамп собиқ муовини президент Ҷо Байден интиқод шудааст.

XS
SM
MD
LG