Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои густурдаи ИМА болои Сурияву пуштибононаш


Фунт - пули миллии Сурия
Фунт - пули миллии Сурия

Таҳримҳои нави ИМА болои иқтисоди фарсудаи Сурия, ки 17 июн ба ҳукми иҷро даромад, талош барои пешгирӣ аз шаҳди пирӯзии ҳарбӣ чашидани президенти Сурия Башор Асад ва пуштибононаш мебошад. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо аз ин пеш ҳам Сурияро таҳрим карда буданд ва охирин бастаи таҳримҳо шахсият, созмонҳо ваё ширкатҳои ҳамкор бо Димишқро ҳадаҷ қарор додааст. Таҳримҳои маъруф бо номи Қонун дар бораи ҳимояти шаҳрвандии Сурия бо номи “Сезар” метавонад муҳимтарин пуштибонҳои Димишқ – Русия, Эрон ва гурӯҳи ҷангии Ҳизбуллоҳи Лубнонро фаро бигирад. Баробар бо ин кишварҳои мисли Чин, бозигарони минтақавии мисли Лубнон, Урдун, Ироқ ва кишварҳои Халиҷро, ки баъди нӯҳ соли ҷангҳои шаҳрвандии Сурия дар талоши кӯмак дар барқарории ин кишвар ҳастанд, марбут хоҳад шуд. Келли Крафт, сафири ИМА дар СММ рӯзи 16 июн дар Шӯрои амният гуфт, ки таҳримҳо ба хотири “аз даромад ва пуштибонӣ маҳрум кардани режими Асад равона шудааст, чун ӯ даст ба ҷиноятҳои густурда ва нақзи ҳуқуқи инсон, халалдор кардани раванди мусолеҳаи сиёсӣ ва дурнамои сулҳ задааст”. Крафт гуфт, ки Асад бояд талаботи қатъномаи Шӯрои амниятро дар заминаи оташбас, интихобот ва интиқоли сиёсӣ бар асоси талаботи СММ иҷро кунад. Мунаққидони таҳримҳо мегӯянд, ки ин муҷозот кишвари ҷангзадаву азиятшудаи Сурия ва мардумашро осеби аз ин бештар мерасонад.

XS
SM
MD
LG