Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ дар бора ҳодисаи таркиши дафтари тамос бо Ҷануб изҳори назар кард


Деҳаи Таесунгдонг дар байни ду Корея макони ҷойгиршавии Идораи тамосҳои ду кишвар буд. Дар акс дуди баъди таркиши ин идора дида мешавад. 16 июн
Деҳаи Таесунгдонг дар байни ду Корея макони ҷойгиршавии Идораи тамосҳои ду кишвар буд. Дар акс дуди баъди таркиши ин идора дида мешавад. 16 июн

Рӯзи 16 июн дар паи ахиран пуршиддат шудани муносибатҳо, Кореяи Шимолӣ дафтари тамос бо Ҷанубро дар шаҳри марзии Кесонг мунфаҷир кард. Оҷонсии расмии Кореяи Шимолӣ хабар дод, ки ин бино хароб карда шуд, то ки ба “афкору андешаи мардуми хашмгиншуда мутобиқ бошад, чун палидҳо ва онҳоеро, ки вайҳоро пинҳон мекунанд, маҷбур мекунанд, ки қимати гароне бипардзанд”. Зоҳиран манзури мақомоти Кореяи Шимолӣ мардуми фирорӣ аст, ки аз шимол дар ҷануб панаҳ мебаранд ва давоми солиёни зиёд шабномаҳои интиқодӣ дар ҳақи режими Кореяи Шимолиро паҳн мекунанд.
Изҳороти Кореяи Шимолӣ баъди он нашр шуд, ки дар ҳудуди як пойгоҳи саноатӣ дар марзи Кесонг идораи тамосҳои Шимолу Ҷануб тарконида шуд. Дар ин бора аввал шуда вазорати умури муттаҳидшавии Кореяҳои Шимоливу Ҷанубӣ дар Сеул хабар дод. Аз он пеш артиши Кореяи Шимолӣ гуфт, ки барои чораандешӣ дар муқобили Кореяи Ҷанубӣ “пурра омода аст”. Шиддатёбии муносибатҳои ахири миёни ду ҳамсоя дар ҳафтаҳои ахир аз он ҷо маншаъ мегирад, ки фирориёни паноҳбурда дар Кореяи Ҷанубӣ бо кӯмаки пуфакҳо ба он сӯи марз варақаву шабномаҳои интиқодкунандаи режим дар Кореяи Шимолиро ирсол мекарданд. Дар матнҳои онҳо поймолшавии ҳуқуқи инсон ва ҷоҳталабиҳои ҳастаии раҳбарони Пхенян интиқод мешавад.

XS
SM
MD
LG